Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни Меҳргон, ки аз қадимулайём дар миёни мардуми тамаддунсозу фарҳангии мо ҳамчун рамзи ҷамъбасти натиҷаҳои заҳмати кишоварзон ва айёми баракату фаровонии дастархони ҳар як хонадони Ватани муқаддасамон мебошад, самимона табрик мегӯям.
Меҳргон дар баробари ҷашнҳои Наврӯз, Сада ва Тиргон аз ҷумлаи ойинҳои куҳантарини аҷдоди мо ба ҳисоб меравад.
Воқеан, бояд гуфт, ки мардуми куҳанбунёди мо барои ҳар як фасли сол як ҷашн ихтисос додаанд, яъне ҷашнҳои чоргонаро асос гузоштаанд.