Тоҷикистон ҷалби сармояи кишварҳои арабиро барои сохтмони роҳҳои оҳан ва мошингард ҷиҳати баромадан ба бандарҳои баҳрӣ муҳим мешуморад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши минтақавӣ, ки дирӯз бо иштироки роҳбарони кишварҳои арабии Халиҷ ва давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саъудӣ баргузор гардид, изҳор намуданд, ки «Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва нақлиётиву коммуникатсионии дорои аҳамияти минтақавӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.