Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ «Қасри паҳлавонони суғдӣ» ва майдончаи бозии футболро ифтитоҳ намуданд
5 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ «Қасри паҳлавонони суғдӣ» ва майдончаи бозии футболро ифтитоҳ намуданд.
Иншооти нави соҳаи варзиш бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи варзиш ва дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд шудааст.