Радиои «Садои Душанбе» - дастгоҳи идеологӣ ва минбари ҳифзи манфиатҳои миллӣ!

Submitted by admin on Thu, 18/01/2024 - 16:50

18-уми январи соли равон дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи таъсисёбии радиои «Садои Душанбе» ҷамъомади идона баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Кумита, меҳмонон ва кормандони зерсохторҳои Кумита иштирок намуданд.

 

25 СОЛ ДАР ФАЗОИ ИТТИЛООТИИ ТОҶИКИСТОН. «Садои Душанбе» яке аз маҳбубтарин шабакаҳои радиоии Тоҷикистон аст

Submitted by admin on Thu, 18/01/2024 - 12:47

Имрӯз ба таъсиси Радиои «Садои Душанбе» 25 сол пур шуд.

 

Радио дар ҳақиқат воситае аст, ки дар замони муосир ҳамчун рукни муҳимми маънавии ҷомеа эътироф гардида, дар инъикос ва ҷаҳонбинии мардум, таҳкими асолати миллӣ, рушди давлатдорӣ, пойдории адолат, дӯстию рафоқат нақши муассир дорад ва ба афкори ҷомеа таъсири амиқ мерасонад.

 

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Муассисаи томактабии хусусии «Ахтаракон»-ро ба истифода доданд

Submitted by admin on Thu, 18/01/2024 - 12:04

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе Муассисаи томактабии хусусии «Ахтаракон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.

 

Тафсилоти бештари хабар давоми рӯз нашр мешавад.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нав дар пойтахт иштирок намуданд

Submitted by admin on Thu, 18/01/2024 - 10:42

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими муаррифии 30 электробуси нав дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.

 

Иттилоъ дода шуд, ки электробусҳои тамғаи «Акиа НЕРУ» истеҳсоли корхонаи муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тибқи стандартҳои аврупоӣ истеҳсол гардидаанд.