Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз ёфт

Submitted by admin on Tue, 09/01/2024 - 23:03

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ вориди шаҳри Теҳрон — пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Теҳрон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

3 НИШОНДИҲАНДАЕ, КИ ТОҶИКИСТОНРО БА ГУРӮҲИ «МАМЛАКАТҲОИ САБЗ» ДАР ҶАҲОН ВОРИД МЕСОЗАНД. Назари коршинос дар ин мавзуъ

Submitted by admin on Mon, 08/01/2024 - 11:57

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2017 дар рӯйхати ҷаҳонии рақобатпазирӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ муаррифӣ гардида буд, аз 136 ҷойи имконпазир мақоми 107-умро соҳиб гардида буд. Ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки Тоҷикистон дар рӯйхати давлатҳое, ки давоми як сол ҷаҳиши беҳтарини сайёҳӣ нишон додаанд, ба таври алоҳида таъкид гардид. Ин нишондиҳандаҳо баёнгари он мебошанд, ки мамлакати мо қадам ба қадам ба стратегияҳои қабулгардидаи худ ва ба иқтисодиёти босубот мегузарад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон рафтанд

Submitted by admin on Mon, 08/01/2024 - 11:56

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон рафтанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Дар ин сафар Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Ҷиҳати ҳавасмандсозии иштирокчиён «Шоҳҷоиза»-и он аз 1 ба 4 адад зиёд гардид

Submitted by admin on Mon, 08/01/2024 - 11:56

Имсол ҷиҳати ҳавасмандсозии иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» «Шоҳҷоиза»-и он аз 1 адад ба 4 адад зиёд гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.