Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо роҳбарони давлатҳои иштирокчии ИДМ бо маконҳои таърихии шаҳри Санкт-Петербург шинос шуданд
26 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо роҳбарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо маконҳои таърихии шаҳри Санкт-Петербург, аз ҷумла осорхона-мамнуъгоҳи “Павловск”, қасри Екатерининаи осорхона-мамнуъгоҳи “Дарбори подшоҳӣ” ва Қасри бузурги Петергофи осорхона-мамнуъгоҳи “Петергоф” шинос шуданд.
Дар саҳни осорхона-мамнуъгоҳи “Павловск” Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин истиқбол гирифтанд.