Тоҷикистон ва Русия фонди сармоягузорӣ таъсис медиҳанд
Моҳи марти соли равон дар шаҳри Душанбе баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Русия ба нақша гирифта шудааст. Ин ва дигар масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Русия, хусусан масъалаҳои марбут ба сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти вазорати иқтисоди Федератсияи Русия баррасӣ гардид.