ЧСК "Телерадиоком" » Ахбор » Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Телерадиоком» ва вазифаҳо барои соли 2013
Асосӣ Алоқа

Машҳур

Тақвим

«    Ноябр 2017    »
ДуСеЧшПшҶмШнЯк
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 
ЧСК "Телерадиоком" » Ахбор » Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Телерадиоком» ва вазифаҳо барои соли 2013

Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Телерадиоком» ва вазифаҳо барои соли 2013

11-04-2014, 09:25 | Фасл: Ахбор | Аз назар гузаронданд: 1098
Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии
кушодаи «Телерадиоком» ва вазифаҳо барои соли 2013


Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Телерадиоком» 24 майи соли 2013 дар ш. Душанбе, к. Интернатсионалӣ, 85 толори маҷлисгохи ҶСК «Телерадиоком» баргузор гардид. Дар маҷлис масъалаҳои зерин дида шуданд:
1. Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти кори ҶСК «Телерадиоком» дар соли 2012 ва вазифаҳо барои соли 2013.
2. Тасдиқи ҳисоботи молиявӣ ва тавозуни соли 2012.
3. Ҳисоботи Комиссияи тафтишотӣ.
4. Оид ба ҳайат ва интихоби аъзои Комиссияи тафтишотии ҶСК «Телерадиоком».
5. Ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Оинномаи ҶСК «Телерадиоком».
6. Оид ба хайат ва интихоби аъзои Шурои директорони ҶСК «Телерадиоком».
7. Дар бораи тақсимот ва истифодабарии фоида.
8. Баррасӣ намудани Нақшаи тиҷорат барои соли 2013.
9. Баррасӣ ва пешниход кардани лоиҳаҳои низомномаҳои Ҷамъият барои тасдиқ дар маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «Телерадиоком».
10. Баррасии гузаронидани аудит барои солҳои 2011 - 2013.

Вазифаҳои ҶСК “Телерадиоком” дар соли 2013

1. Дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани таҷҳизотҳои радиотелевизионӣ
2. Идома додани амалисозии марҳилаи чоруми “Барномаи рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 - 2015”.
3. Насби фиристандаҳои иловагӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии мамлакат.
4. Васеъ намудани фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ ба воситаи радиои ҒМ.
5. Таъмири капиталии антенна ва манораҳои Марказҳои радиоии №1 ва №5.
6. Амалӣ намудани лоиҳаи насби фиристандаи МК-250 дар Маркази радиоии №5.
7. Таъмири капиталии стансияҳои радиотелевизионии таъмирталаб.
8. Баланд бардоштани қудратнокии зеристгоҳи маҳали Тошработи ноҳияи Вахш.

 

ЧСК "Телерадиоком" » Ахбор » Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Телерадиоком» ва вазифаҳо барои соли 2013