14 апрели соли 2022 ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти 3 моҳа баргузор шуд.
Дар ҷаласа фаъолияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар семоҳаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда баррасӣ гардид.
Нахуст тибқи рӯзномаи ҷаласа вобаста ба самтҳои телевизион, радио, дастаҳои ҳунарӣ ва масъалаҳои техникӣ, аз ҷумла вазъи феълии таҳияи барномаву гуфторҳои телевизионию радиоӣ, сатҳу сифати корҳои эҷодӣ, инчунин такмили базаи моддию техникии радиову телевизионҳо, беҳтарсозии инфрасохтори қабулу пахши мавҷҳои радиотелевизионӣ ҳсиоботи масъулони дахлдор шунида шуд.

Дар охир ҷиҳати беҳтаргардонии фаъолият, баланд бардоштани сатҳу сифати барномаву гуфторҳо, таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои рангину ҷолиби телевизонию радиоӣ, аз қабили барномаҳои мустақими иртиботӣ, тақвияти корҳо бобати тарғибу ташвиқи эҳсоси худшиносию ватанпарастӣ миёни насли наврас, пешгирии паҳншавии ғояҳои ифротгароию экстремистӣ дар ҷомеа ба масъулин дастурҳо дода шуд.
Котиби матбуот
Иброҳим Аҳмад