Имрӯз ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа раёсати кумита, роҳбарони сохторҳо, кормандони масъули дастгоҳи марказӣ, сармуҳаррирону мудирони шуъбаҳои шабакаҳои телевизион ва радио иштирок дошданд.

Тибқи рӯзнома дар маҷлис як масъала, фаъолияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 баррасӣ шуд.

Аз рӯи масъалаи мазкур Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид маърӯза кард. Зимни суханронӣ Саид Нуриддин Саид фаъолияти ҳамаи сохторҳои кумитаро мавриди таҳлил қарор дода, аз ҷумла зикр намуд, ки дар соли сипаришуда дар доираи самтҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2020-2040, Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, омодагиҳо ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Илм-фурўғи маърифат», фестивали «Атлас ва адраси тоҷик», фестивали «Сад ранги чакан» ва ҳунарҳои мардумӣ, тадбиқи барномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор», таҷлили ҷашни Сада, сазовору хотирмон ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Наврўзи ҳуҷастапай, истиқболи ҷашни 20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай дар мавзўҳои таърих ва нақши Пешвои миллат дар таъсиси Созмон, ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои аъзои СҲШ ва СААД, ки дар Душанбе баргузор гардид, инчунин аз ифтитоҳи расмии маросими «Душанбе – пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021», Нуҳумин конфронси вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истамбул», тақдими шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон» ба ноҳияҳои ҷумҳурӣ, оид ба таҳия ва пешниҳоди нақшаи амалисозии «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», сафарбар намудани зиёиёну фаъолон ва аҳолӣ ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободу зебогардонӣ, аз ҷумла бунёди бинову иншооти ҷашнӣ, таъмиру тармими майдончаҳои варзишӣ, тозаву озода ва рангу бори гирду атрофии биноҳои маъмурӣ, хонаву дар, кўчаву маҳалла, оид ба иҷрои Нақшаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.04.2021, таҳти № 101 бобати рафти омодагии вазорату идора, ташкилоту корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022, ҳамчунин оид ба истифодаи сарфакоронаи нерўи барқ, рафти маъракаи ниҳолшинонию кабудизорнамоӣ, пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоб шудани шаҳри Душанбе аз ҷониби Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар соли 2021, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат, рушди соҳаи кишоварзӣ, пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуб, аз қабили гаравидан ба равияҳои гуногуни ифротӣ, ташвиқу тарғиби ҷавонон дар рўҳияи ватандўстӣ ва нақши онҳо дар рушди мамлакат, ҷалби онҳо ба китобхонӣ ва омўхтани касбу ҳунар, вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрўза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир барномаҳои телевизионӣ, гуфторҳои радиоӣ, филмҳои мустанад ва ролику лавҳаҳо таҳия ва пешниҳоди бинандагону шунавандагон гардониданд. Дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат зимни сафарҳои кории ба шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бўстон, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Гулистон, Истаравшани вилояти Суғд, Бохтар, Данғара, Кўлоб, Кўшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон, Айни, Шаҳристон, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Бўстон, Сангвор, Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Нуробод, Балҷувон, Темурмалик, ВМБК, Суғд хабару гузориш, шарҳу тафсир, ролику лавҳаҳо, барнома ва филмҳои гуногуни ҳуҷҷатӣ омода ва пахш намуд.

Нуриддин Саид афзуд, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай ва ҷаласаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, ки моҳи сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор гардиданд, аз ҷониби кормандони эҷодию техникии шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ силсилаи хабару гузоришҳо, барномаву гуфторҳо дар сатҳи баланди эҷодию техникӣ дар шаклҳои мустақим ва сабту танзим ба тамошобинони дохилию хориҷӣ пешниҳод гардиданд.

Ҳамчунин ба истиқболи сазовори 30-солагии истиқлоли Ватан беш аз 70 филми ҳуҷҷатӣ (солнома ва филмҳои мавзўӣ) таҳия карда шуд. Ҳаҷми филмҳои мазкур беш аз 150 соатро ташкил медиҳад, ки тавассути ҳама шабакаҳои давлатии телевизион ва радио ва саҳифаҳои интернетии онҳо пахш карда шуданд.

Зимни суханронӣ Раиси Кумита ҳамчунин ба масъалаҳо марбут ба боз ҳам тақвият бахшидани фаъолият, баланд бардоштани сатҳу сифати барномаву гуфторҳо, пайваста афзоиш додани иқтидори техникӣ ва бо техникаву таҷҳизоти муосир таъмин намудани шабакаҳо дахл намуд.

Дар ҷаласа ҳамчунин мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Пайшанбезода Муҳиддин баромад намуда, андешаҳои худро оид ба мазмуну муҳтавои барномаҳо, аҳамияти хабару гузоришҳо дар шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ иброз дошт.

Дар интиҳои ҷаласа аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Котиби матбуоти Кумита
Иброҳим Аҳмад