11 декабри соли 2021 дар Осорхонаи миллии санъати осиёии «Гиме»-и шаҳри Париж дар шарикӣ бо Иттиҳодияи фаронсавии дӯстони Шарқ Рӯзи бостоншиносии Тоҷикистон барпо гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Фаронса хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш намояндагони Осорхонаи «Гиме», доираҳои илмию маърифатӣ, хусусан бостоншиносону тадқиқотчиён ва ҷомеаи шаҳрвандии Фаронса, инчунин фаъолони ҷамъияти тоҷикони муқими шаҳри Париж ва намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса иштирок доштанд.

Зимни суханронӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса Ҷамолиддин Убайдулло бо арзи сипос аз танзими чорабинии болозикр оид ба сатҳи хуб ва дастовардҳои муҳими ҳамкории бостоншиносони тоҷику фаронсавӣ дар 40 соли охир, аз ҷумла дар мисоли возеҳи баргузории Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар Осорхонаи «Гиме» (дар давраи аз 13 октябри 2021 то 10 январи 2022) изҳори қаноатмандӣ намуд.

Дар ҷараёни ҳамоиш маърӯзаҳои ҷолибу пурмуҳтавои олимон-бостоншиносон ва муаррихони фаронсавӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла Анри Пол-Франкфор, Фредерик Брюне, Франсис Ришар, Валерӣ Залески, Ҳарри Фалк, Этиен Де Ла Вессиер ва дигарон роҷеъ ба таърихи ҳамкории бостоншиносӣ миёни Тоҷикистон ва Фаронса, хосатан натиҷаҳои кофтуковҳои бостоншиносӣ ва мавзеъҳои таърихии давлати тоҷикон аз давраҳои атиқа то асрҳои миёна, аз ҷумла шаҳраки қадимаи Саразм ироа гардиданд.

АМИТ «Ховар»