28 декабри соли 2021 дар Академияи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиши нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ маҷлис баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, узви Комиссияи марказиии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Хидирзода Мағфират, роҳбарони сохторҳои кумита ва доираи васеи рӯзноманигорон ширкат доштанд.

Нахуст раиси кумита Нуриддин Саид оид ба аҳамияту зарурати Паёми Президенти мамлакат дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии ҷомеа мухтасар маълумот дода, изҳор дошт, ки кормандони шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии мамлакат вобаста ба хусусият ва формати шабакаҳояшон бояд  дар тарғибу ташвиқи нуктаҳои он бо таҳияи барномаву гуфторҳои ҷолиб пайваста талош намоянд.

Хидирзода Мағфират зимни суханронии худ истифодаи инфографика ва иқтибосҳоро аз Паёми Пешвои миллат дар барномаҳои телевизионӣ усули самарабахшу муассир маънидод намуда, тавсеаи чунин тадбирҳоро ҷиҳати тарғиби бештари ҳадафҳои он муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард.

Дар баромади пурмуҳтавои хеш Хидирзода Мағфират, ҳамчунин Паёми Пешвои миллатро аз лиҳози таркибу моҳият таҳлил намуда, бо дарназардошти омӯзишу муқоиса онро “оинаи таърихи рушди сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии ҷомеаи мо” номид.

Зикр шуд, ки ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат асоси конститутсионӣ дошта, ба сифати як санади муҳим, моҳиятан таҳлилу муқоиса, масъалагузорию вазифагузорӣ ва дастуру супоришҳои унвониро дар бар мегирад, дар рушду нумуъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мусоидати фаъол менамояд. Зеро аксар тадбирҳои муҳими давлатие, ки татбиқи онҳо дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии ҷомеа таҳаввулоти куллии мусбатро ба вуҷуд меоранд, маҳз дар Паёми Пешвои миллат эълом мегарданд.

Дар маҷлис инчунин оид ба ҷанбаҳои дигари паём низ сухан карда шуд, ки дар фаъолияти рӯзмарраи рӯзноманигорон дар минбаъда босамар истифода хоҳад гашт

Котиби матбуоти кумита
Иброҳим Аҳмад