Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд

Опубликовано admin - сб, 07/11/2026 - 14:21

ДУШАНБЕ, 07.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз музокироти сатҳи олӣ, маросими супоридани ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Барои саҳми барҷаста дар таҳким ва рушди пайвастаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни ду кишвар, Президенти кишвари мо муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонида шуданд.

Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон

Опубликовано admin - сб, 07/11/2026 - 13:25

ДУШАНБЕ, 07.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоту музокироти расмии сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон дар қасри президентии Ақорда дар Остона баргузор шуд.

Дар ҷараёни суҳбат ҳарду пешво аз имконияти сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Қазоқистон ва муҳокимаи роҳҳои рушд ва таҳкими шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд.

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон

Опубликовано admin - сб, 07/11/2026 - 12:49

ДУШАНБЕ, 07.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда» сурат гирифт.

Ба хотири истиқболи меҳмони олимақом, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон макони истиқболи расмӣ бо парчамҳои давлатии ду кишвар идона оро ёфта, горд ва оркестри фахрӣ саф кашида буд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд

Опубликовано admin - пт, 06/11/2026 - 14:41

ДУШАНБЕ, 06.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар  ҳошияи ҷаласаи «Раванди Ақаба» таҳти унвони «Амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ» дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва  ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд.