Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи васеи Шӯрои амният баргузор гардид

Submitted by admin on Thu, 16/02/2023 - 14:38
Tajikistan
123

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шӯрои амнияти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти мамлакат доир ба масъалаи вазъи муқовимат ба таҳдиду хатарҳои муосир ва чораҳои тақвият бахшидан ба таъмини амнияти давлат ва суботу оромии ҷомеа баргузор гардид.

Дар суханронии ифтитоҳии худ зимни таҳлили вазъияти воқеии минтақа ва ҷаҳони муосир Роҳбари давлат таъкид карданд, ки дар шароити ҳассоси имрӯза таҳкими амнияти миллӣ ва муътадил нигоҳ доштани фазои сиёсиву иҷтимоии ҷомеа барои давлатдории мо аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.

Зикр гардид, ки вобаста ба вазъияти минтақа ва ҷаҳон масъалаҳои муқовимат ба хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм аҳаммияти торафт мубрам пайдо карда истодаанд.

Дар робита ба ин, сохтору мақомоти дахлдор вазифадор карда шуданд, ки корро ҷиҳати иҷрои талаботи «Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» ба таври ҷиддӣ ҷоннок намоянд.

Вобаста ба масъалаи маблағгузории терроризм ва пешгириву ошкор намудани чунин амали хатарнок, ки вақтҳои охир боиси нигаронии ҷиддӣ гардидааст, ба Бонки миллӣ супориш дода шуд, ки назорати риояи қонунгузориро дар фаъолияти бонкҳои давлатӣ, тиҷоратӣ, хусусӣ ва ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ ҳангоми пешбурди амалиёти бонкӣ пурзӯр намояд.

Сипас Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов доир ба вазъи воқеии таъмини амният ва суботу оромӣ дар мамлакат ҳисобот дод.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, дар назди роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҳама гуна ҷинояткориву қонуншиканӣ, таъмин кардани амният ва волоияти қонун, тақвияти иқтидори мудофиавии мамлакат ва омодабошии ҷузъу томҳои низомӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва хизмат барои хизматчиёни ҳарбӣ, тарбия ва интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи касбияти афсарону сарбозон, риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ ва қонунияту тартибот вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Роҳбари давлат махсус таъкид карданд, ки бо назардошти вазъи ҷаҳони муосир бояд ба масъалаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, ҳисси баланди миллӣ ва пешгирӣ кардани шомилшавӣ ба ташкилоту ҳаракатҳои ифротӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.

Пешвои миллат ба роҳбарони сохторҳои низомӣ супориш доданд, ки навсозии техникии Қувваҳои Мусаллаҳро тезонида, 70 иншооти инфрасохтори сарҳадӣ, аз ҷумла дидбонгоҳҳои сарҳадиро, ки бунёд шуда истодаанд, бо тамоми таҷҳизоту шароити зарурӣ соли ҷорӣ ба истифода супоранд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин роҳбарону шахсони масъул ва аъзои Комиссияи давлатии таъсисдодашударо бори дигар вазифадор намуданд, ки барои бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиии як рӯз пеш дар шаҳри Хоруғ рухдода, аз ҷумла бо маводи ғизоӣ, либоси гарм ва дигар ашёи зарурии рӯзгор таъмин намудани оилаҳои зарардида тадбирҳои фаврӣ андешанд.

АМИТ«Ховар»

Теги