Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам Во Ван Тхионг барқияи шодбошӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ,
Шуморо ба муносибати интихоб шуданатон ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам сидқан табрик менамоям.
Ба Шумо саломатии бардавом ва дар фаъолиятатон дар ин маснади пурмасъули давлатӣ комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Вйетнам сулҳу субот ва рифоҳу шукуфоии рӯзафзун орзу менамоям.
Давлатҳои моро анъанаҳои деринаи дӯстӣ, муносибатҳои ҳамкории барои ҷонибҳо судманд ба ҳам мепайванданд.
Мо ба дурнамои робитаҳои Тоҷикистон ва Вйетнам диди нек дорем ва ҳамеша алоқаманди рушду таҳкими онҳо дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем.
Изҳори умед менамоям, ки бо саъю талошҳои муштараки ҷонибҳо ҳамкории байнидавлатии давлатҳоямон минбаъд низ рушд ёфта, бо мазмуну муҳтавои нав ғанӣ хоҳанд гашт.
Аз ҷониби худ мо омодаем, ки ҷиҳати истифодаи муассири имкониятҳои дар ин самт мавҷуда тамоми тадбирҳои заруриро андешем ва ба муколамаи созандаи байнидавлатии миёни ду кишвар дар сатҳҳои олӣ ва баланд идома бахшем».