«СИМОИ МИЛЛӢ ВА ҲУВИЯТИ ЗАНОН ДАР ТАЪЛИМОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир карда шуд

Submitted by admin on Mon, 06/03/2023 - 09:55
Tajikistan
123

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Симои миллӣ ва ҳувияти занон дар таълимоти Пешвои миллат» байни собиқадорон, коршиносон, олимону сиёсатмадорон ва фаъолзанону ҷавонон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Зимни он тазаккур дода шуд, ки сиёсати давлатии занону духтарон  дар мадди назари Ҳукумат ва таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, фароҳам овардани шароит барои иштироки ҳамаҷонибаи онҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа самти афзалиятнок ба шумор меравад.

Гуфта шуд, ки бонувону модарони мо бояд, муҳимтар аз ҳама, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд.

Иброз гардид, ки дар бораи зан-модар ва мақоми ӯ дар ҳаёти башар бузургони илму адаб, ходимони барҷастаи давлатӣ, сиёсатмадорони номӣ ва олимони баргузида зиёд гуфтаанд. Дар тӯли асрҳо ва мавҷудияти насли башар зан-модарро гоҳ бо ситоишҳои зиёд ба арши аъло бароварда, гоҳ гирифтори хориву залолат гардонидаанд, нисбат ба ӯ гоҳ шафқат ва гоҳ бешафқатӣ зоҳир намудаанд.

Дар охир аз падару модарон даъват ба амал оварда шуд, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.

Тазаккур дода шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи тадбирҳои мушаххасро бо мақсади баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо, густариши фаъолияти ҷамъиятию меҳнатӣ, ҳалли масъалаҳои демографӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда амалӣ гардонида истодааст.

Теги