Дар қароргоҳи ЮНЕСКО — ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг, воқеъ дар Париж дар доираи вохӯрии иттилоотӣ оид ба саҳми ЮНЕСКО дар баргузории Конфронси оби СММ, ки 22-24 марти соли 2023 дар Ню-Йорк баргузор мегардад, брифинги намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО Ҷамолиддин Убайдулло оид ба конфронси оби СММ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Намояндаи доимии Тоҷикистон доир ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон марбут ба об, тадбирҳои тадорукотии Конфронси оби СММ бо ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд ва ҳамзамон аҳамияти конфронс барои ҷомеаи байналмилалӣ маълумот дод. Мавсуф аз иштирокдорон даъват намуд, ки дар конфронс фаъолона иштирок карда, дар амалисозии натиҷаҳои он саҳми бештар гузоранд.
Дар вохӯрӣ беш аз 200 намояндаи давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои хориҷӣ ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуд.