13 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Имангалӣ Тасмагамбетовро, ки бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Имангалӣ Тасмагамбетовро ба муносибати Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ таъйин шуданаш самимона табрик гуфта, ба ӯ дар корҳояш комёбӣ орзу намуданд.
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо вазифаҳои имрӯзаи Созмонро баррасӣ карда, баъзе масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавию байналмилалиро муҳокима намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати таҳкими ҳамёриро дар самти сиёсӣ, тавсеаи фаъолияти байналмилалии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, баланд бардоштани самаранокии ҳамкории ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва низомию иқтисодиро махсус таъкид карданд.
Ҳамчунин, аҳаммияти пурзӯр намудани кори ҳамаҷониба ҷиҳати муқовимат ба хатарҳо ва таҳдидҳо ба амният, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти тундгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ таъкид гардид.
Ҷонибҳо таҳкими минбаъдаи тавонмандии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро ҷиҳати мубориза алайҳи хатару таҳдидҳои мавҷуда муҳим арзёбӣ карданд.
Зимни суҳбат доир ба вазъи Афғонистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.