Ҳамватанони азиз!
Имрўз моҳи шарифи Рамазон анҷом меёбад ва фардо иди саиди Фитр фаро мерасад.
Ба ин муносибат ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегўям ва ба хонадони ҳар як фарди Ватан тандурустӣ, сулҳу сафо ва хайру баракат орзу менамоям.
Мо шукрона мекунем, ки ба шарофати истиқлолу озодии кишварамон иди саиди Фитр ва дигар ойину суннатҳои миллиамонро дар шароити сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ таҷлил менамоем.
Ҳамватанони мо иди саиди Фитрро ҳар сол бо амалҳои хайру савоб ва шодмониву хушҳолӣ истиқбол мегиранд.
Дар ин рўз мардуми мо аъмоли шоистаи инсонӣ, аз ҷумла кумаку дастгирӣ ба ятимону маъюбон, ниёзмандону камбизоатҳо, аёдати падару модарон ва калонсолонро анҷом медиҳанд ва дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр мефиристанд.
Тибқи таълимоти дини мубини ислом Худованд ин рўзро барои ҳамаи мусулмонон ҳамчун рўзи қабули дуои нек дар ҳаққи ҳамдигар, оромиву ободии Ватан ва анҷом додани корҳои хайру савоб муқаррар кардааст.
Яъне ҳикмати иди саиди Фитр ва дар маҷмўъ, моҳи Рамазон ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди аҳли ҷомеа ва густариши арзишҳои неку созандаи ахлоқиву маънавӣ, аз ҷумла эҳтирому самимият ва ҳамгироиву таҳаммулгароӣ дар миёни одамон мебошад.
Қобили зикр аст, ки имсол низ мардуми мо, дар баробари ба ҷо овардани фаризаҳои моҳи мубораки Рамазон, ба хотири таъмин намудани зиндагии осудаи худ киштукори баҳориро вусъат бахшида, барои ҳосили фаровон замина гузоштанд.
Дар шароите, ки бар асари гармшавии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобии солҳои охир, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва маҳдудиятҳои вобаста ба онҳо мардуми сайёра ба мушкилоти ҷиддии таъминот бо маводи ғизоӣ дучор гардидаанд, ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ба масъалаи муҳимтарину мубрами рўз табдил ёфтааст.
Ба ибораи дигар, инсоният аз бисёр ҷиҳат, хусусан, аз лиҳози таъминот бо озуқаворӣ мушкилтарин давраро дар таърихи қариб садсолаи худ аз сар гузаронида истодааст.
Табиист, ки дар чунин вазъият ҳар як давлат дар андешаву талоши ҳалли мушкилоти мардуми худ мебошад.
Бинобар ин, мо бояд, пеш аз ҳама, ба хотири таъмин намудани аҳли оила ва фарзандони худамон, фароҳам овардани шароит барои рўзгори осудаи мардумамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон ва ободии Ватани маҳбубамон боз ҳам бештар заҳмат кашем ва дар ин ҷода тамоми саъю талош ва захираву имкониятҳоямонро сафарбар созем.
Бо дарназардошти вазъи баамаломада дар ҷаҳони муосир зарур аст, ки мо ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ, пешгирӣ кардани зоҳирпарастиву намоишкорӣ ва исрофи маводи ғизоӣ, аз ҷумла дар рўзҳои ид ва риояи ҳатмии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ҷиддӣ муносибат кунем.
Ҳамватанони азизи мо аз вазъияти сиёсии ҷаҳони муосир хуб огоҳӣ доранд.
Бар асари мухолифату низоъҳо дар байни абарқудратҳо, таҳримҳо ва буҳронҳои молиявию иқтисодӣ вақтҳои охир вазъи минтақа ва ҷаҳон бисёр ҳассосу мураккаб шуда, сулҳу оромӣ ва ҳатто истиқлоли сиёсии давлатҳо осебпазир гардидааст.
Дар чунин шароит мо бояд беш аз пеш сарҷамъу муттаҳид ва зираку ҳушёр бошем, манфиатҳои милливу давлатӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳифз кунем.
Хотиррасон менамоям, ки фазилат ва ҳикмати дигари иди саиди Фитр ва дини мубини ислом, ки ҳамчунин аз ҷумлаи арзишҳои имониву ахлоқӣ ба ҳисоб меравад, расидан ба қадри неъматҳои зиндагӣ ва шукргузорӣ аз онҳо мебошад.
Неъмати бузургтарин дар зиндагии ҳар яки мо истиқлолу озодии Ватани биҳиштосоямон, сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ аст.
Аз ин лиҳоз, ниҳоят зарур аст, ки дар ҳар як оила ба таълиму тарбияи дурусти фарзандон ва ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо эътибори аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.
Мо вазифадорем, ки наврасону ҷавононро ба китобхонӣ, илму донишомўзӣ, аз худ намудани касбу ҳунар, техникаву технологияҳои замонавӣ, забонҳои хориҷӣ, инчунин, заҳматдўстиву созандагӣ роҳнамоӣ кунем ва барои онҳо шароити зарурӣ фароҳам оварем.
Зеро дар оянда ба таври шоиста соҳибӣ кардани давлат ва ободу пешрафта гардонидани Ватан танҳо тавассути наслҳое имконпазир мегардад, ки илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои мутобиқ ба талаботи даврони пешрафт ва ҷаҳонбинии муосиру васеъ дошта, ватандўсту ватанпараст, содиқ ба давлату миллат ва худшиносу худогоҳ бошанд.
Бовар дорам, ки ҳар як фарди огоҳу савобҷўй дар ин рўзи муборак фармудаҳои ислом ва анъанаҳои мактаби одамияти гузаштагони бузургамонро идома бахшида, барои анҷом додани амалҳои нек ва дар навбати аввал, дароз кардани дасти кумак ба ятимону маъюбон, ниёзмандону оилаҳои камбизоат ва дигар корҳои хайр кўшиш менамояд.
Мову шумо масъулу вазифадорем, ки бо талоши ватандўстонаву заҳмати созандаи худ мунтазам беҳтар гардидани некуаҳволии ҳар як оилаи мамлакатро таъмин намоем, сарзамини аҷдодӣ – Тоҷикистони биҳиштосоямонро обод кунем, давлати соҳибихтиёрамонро неруманду пешрафта гардонем ва нуфузу обрўи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.
Бори дигар мардуми Тоҷикистони азизамон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бо фаро расидани иди саиди Фитр табрик мегўям ва ба ҳар як хонадони кишвар сулҳу оромӣ, саломатӣ, саодати зиндагӣ, файзу баракати фаровон ва барои кишвари маҳбубамон оромиву суботи ҷовидонӣ орзу менамоям.
Иди саиди Фитр муборак, ҳамватанони азиз!