19 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ дар ҳошияи нахустин нишасти Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ бо Валиаҳд ва Раиси Шурои вазирони Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон Оли Сауд мулоқот намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Валиаҳд ва Раиси Шурои вазирони Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон Оли Сауд аз пазироӣ ва ба ҷониби Арабистони Саудӣ барои ҳусни таваҷҷуҳ ва меҳмоннавозии самимӣ сидқан изҳори сипос намуданд.
Ҷонибҳо нишасти аввалинро дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Халиҷ” рӯйдоди муҳим дар таърихи муосири робитаҳою машваратҳои ду минтақа арзёбӣ карда, изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои он ба тақвияти риштаҳои дӯстӣ ва пешбурди ҳамкории судманди ҷонибҳо мусоидати муассир хоҳанд намуд.
Зимни мулоқот тарафҳо аз роҳандозӣ ва тақвияти муколамаи стратегӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои аъзои Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ ҷонибдорӣ намуданд.
Зимни мулоқот масоили ҳамкории ду давлат дар бахшҳои барои ҷонибҳо судманд, таҳкими робитаҳои ҳасана, нақши хоссаи муколамаи пайвастаи сатҳи олӣ ва баланди ҷонибҳо муҳокима гардид.
Ҷонибҳо дар рафти вохӯрӣ ба рушду густариши робитаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ дар чаҳорчӯби Кумитаи муштараки дӯстии парлумонӣ, Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, Форуми сармоягузории ду мамлакат ва Фонди рушди саудӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, ҳамчунин коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ ва истихроҷи маъдан, аз самтҳои барои ҳарду ҷониб судовар арзёбӣ гардид.
Ҷалби сармояи саудӣ барои рушди бахшҳои иқтисоди миллии Тоҷикистон, ки дорои захираву имконияти фарох аст, зарур шумурда шуд.
Тавсеаи минбаъдаи робитаҳои фарҳангиву башарӣ омили муҳимми таҳкими дӯстии безаволу бародарии байни мардумони ду мамлакат маънидод гардид.
Ҷонибҳо зимни суҳбат ҳамчунин масъалаи рушду таҳкими ҳамкориро дар соҳаҳои илму маориф, сайёҳӣ, тандурустӣ ва варзишу ҷавонон баррасӣ намуданд.
Густариши ҳамкории кишварҳо дар арсаи амниятӣ, аз ҷумла ҷиҳати муқовимат ба хатару таҳдидҳои муосир аз мавзуъҳои дигари мулоқот буд, ки ҷонибҳо атрофи онҳо табодули афкор намуданд.
Дар охири мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Валиаҳд ва Раиси Шурои вазирони Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон Оли Сауд даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон мусоид бо сафари ҷавобии расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.