Дар Душанбе Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони Осиёи Марказӣ оғоз гардид

Submitted by admin on Thu, 14/09/2023 - 11:27
Tajikistan
123

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони Осиёи Миёна оғоз гардид. Форуми мазкур бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ доир мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар кори он роҳбарони ташкилоти кор бо ҷавонон аз давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва табодули таҷриба менамоянд.

Иштирокдорон вобаста ба тақвияти фаъолият дар самти ҷавонон ва ҳадафмандии форуми мазкур ибрози назар намуда, ҳамзамон доир ба  табодули таҷриба ва амалигардонии роҳу механизмҳои нави татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон сухан гуфтанд.

Тазаккур дода шуд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ва хусусан Пешвои миллат аз лаҳзаҳои аввали  ба даст овардани истиқлол  то ба имрӯз  ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Маҳз ҳамин таваҷҷуҳ нисбат ба ҷавонон буд, ки пас аз шаш моҳи соҳибистиқлолӣ  13 марти  соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ба тасвиб расид.

Гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон барои дастгирии иҷтимоии ҷавонон ва боло бурдани ҳисси ватандӯстии онҳо корҳои назаррас ба сомон расонида мешаванд. Аз ҷумла, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таъсиркунанда ҷиҳати тарбияи маънавию ҷисмонии ҷавонон, инкишофи ҳисси ватандӯстӣ ва муҳаббати онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, маърифатнокӣ, худогоҳӣ, инсондӯстӣ, ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз таҳдидҳои замони муосир «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» дар сатҳи ҷумҳурӣ ва маҳал амалӣ гардида истодааст.

Таъкид гардид, ки ҷавонони Тоҷикистон имрӯз соҳиби саводи баланд, касбу кори гуногун буда, дар пешрафти илму техника, ихтироъкориву навоварӣ саҳми арзанда мегузоранд. Онҳо дар озмуну мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, Парчами давлатиро баланд мебардоранд, ки шоистаи таҳсину офарин аст.

Форуми мазкур ба пурзӯр намудани робитаҳои дӯстона ва фарҳангӣ байни ташкилоти кор бо ҷавонони Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.

Теги