Омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ҳамзамон ҷарроҳ дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара Ҷаҳонгир Дадаҷонов дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» соҳиби Шоҳҷоиза гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Ҷаҳонгир Дадаҷонов иброз дошт, ки «бароям мояи ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯз барандаи аввалини Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» гардидам. Пеш аз ҳама миннатдории бепоёни худро ба Пешвои илмпарвари миллат баён менамоям. Инчунин ба ташкилкунандагони озмун изҳори сипос менамоям. Ваъда медиҳам, ки дар оянда ба халқу Ватанам софдилона хизмат намуда, дар пешрафти илми тибби мамлакат саҳми арзанда гузорам».
Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд.
Дар маросими тантанавӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, намояндагони Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазору идораҳои ҷумҳурӣ, волидайн ва наздикони ғолибон иштирок намуданд.
Матлубахон Сатториён дар маросими мазкур иброз дошт, ки «барои ҷамъбасти муваффақонаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат аз номи сарпарасти он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморо табрику таҳният гуфта, бароятон саломатию сарбаландӣ ва дар омӯзиш, таҳқиқ ва рушди илм барору муваффақиятҳо таманно дорам».
«Соли сеюм аст, дар баробари дигар озмунҳои ҷумҳуриявӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» бо ташаббус ва ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор мегардад. Озмун бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо баргузор мегардад. Умед дорем, ки сол ба сол сафи иштирокчиёни озмун зиёд мегардад»,-илова кард муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар маросим ғолибони озмун қадрдонӣ шуданд. Бояд гуфт, дар се соли баргузории озмун ин якум Шоҳҷоза мебошад, ки ба соҳибаш расид. Давоми ду соли баргузории ин озмун ягон нафар соҳиби Шоҳҷоиза нагардида буд.
Ёдовар мешавем, ки озмун аз рӯйи 7 номинатсия: математика; физика ва астрономия; химия; биология; география; технологияи иттилоотӣ; ихтироъкорӣ ва навоварӣ дар чор давр моҳҳои апрел — октябр гузаронида шуд.
Даври якум моҳи апрел дар муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳо, даври дуюм нимаи дуюми моҳи май дар маркази шаҳр ва ноҳияҳо, даври сеюм нимаи дуюми моҳи сентябр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва даври чорум — даври ҷумҳуриявӣ барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм моҳи октябр дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардиданд.
Соли равон бори аввал озмун байни хонандагони муассисаҳои типи нав — литсейҳо ва гимназияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар алоҳидагӣ баргузор гардид. Вобаста ба ин, шумораи ҷойҳои ифтихорӣ 42 адад зиёд гардида, миқдори умумии онҳо 132 ададро ташкил дод.
Ҳамчунин ҷиҳати ҷалби васеи иштирокчиён ба озмун соли равон дар ҳамаи номинатсияҳо ғолибони ҷойи 3 аз ду нафар ба се нафар зиёд карда шуда, шумораи ҷойҳои ифтихорӣ аз рӯйи ҳар як номинатсия ба 6 адад расонида шуд.
Дар ин замина, шумораи мукофоти пулӣ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври чоруми озмун ҷойҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоизаро соҳиб шуданд, 49 адад зиёд шуда, 84 ададро ташкил медиҳад.
Ҳамин тавр, маблағи умумӣ барои мукофотонидани ғолибон ва баргузории даври чоруми озмун чор миллиону ҳаштоду панҷ ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2022 як миллиону ҳафтсаду чил ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Бо дастури Пешвои миллат соли равон барои иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» имтиёзи махсус пешбинӣ гардид, ки тибқи он иштирокчиёни даври чоруми озмун -хонандагони синфи 11 ба ихтисосҳои фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ва техникии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ бе озмун дар гурӯҳҳои ройгон қабул мешаванд.
Инчунин ғолибони ҷойҳои 1, 2, 3-и даври чорум ва барандаи Шоҳҷоиза баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаи худ бе озмун ба тариқи ройгон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ қабул мешаванд.
Баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар айни замон дар фазои илмию таълимӣ ҳамчун падидаи нав дар раванди рушди тафаккури техникӣ мақоми хосса пайдо намудааст.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»