31 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Корхонаи равғанбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи баракат»-ро ифтитоҳ намуданд.
Корхонаи равғанбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи баракат” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Файзалӣ Ҳоҷиев бо мақсади дастгирии сиёсати созандаи Пешвои миллат ва дар доираи амалисозии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати мамлакат дар масоҳати 1 гектар бунёд шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2022 оғоз гардида, имрӯз дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Корхонаи мазкур аз ҳисоби даромади софи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи Сомон» бунёд гардида, иқтидори солонаи он истеҳсоли 25 ҳазор тонна равғанро ташкил медиҳад.
Дар корхона дар як шабонарӯз 70 тонна ва дар як моҳ 2100 тонна навъҳои гуногуни равғани босифат истеҳсол мегардад.
Дар ин ҷо 50 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, оянда бо афзун намудани ҳаҷми иқтидори истеҳсолӣ шумораи коргарон ба 100 нафар расонда мешавад.
Корхона бо мақсади таъмини талаботи сокинон бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ ва дорои сифати баланд таъсис ёфтааст. Дар корхонаи истеҳсолӣ аз пахта, маъсар, лӯбиё ва офтобпараст равған истеҳсол ва дар зарфҳои гуногуни пластикӣ ҷой карда мешавад. Коргарони корхона маҳсулоти худро ба сокинон бо нархи дастрас ва нисбат ба бозор арзон пешкаш менамоянд.
Самти фаъолияти корхонаи “Файзи баракат” ба истеҳсоли равғанҳои растанӣ ва зарфҳои пластикӣ нигаронида шудааст. Маҳсулоти корхона воридотивазкунанда буда, оянда ба содирот нигаронида мешавад.
Барои истеҳсоли равғани растанӣ аз Чин, Ҷопон, Полша ва дигар давлатҳо технологияи муосир оварда, васлу насб карда шудааст.
Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи баракат» раванди истеҳсолот асосан аз чанд марҳила, ба монанди ҷабиши сард, софкунӣ, безараргардонӣ, ширинкунӣ ва банду басти зарфҳои гуногунҳаҷми аз 1 то 20 литраро дар бар мегирад. Маҳсулоти тавлидшуда аз лиҳози сифат ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад.
Ҷиҳати беҳтар намудани сифат ва мониторинги ҳаррӯзаи он дар дохили корхона озмоишгоҳи замонавӣ низ фаъолият дорад, ки мутахассисони варзидаи соҳа бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир мутобиқат ва бехатарии маҳсулотро назорат менамоянд.
Аснои шиносоӣ бо раванди истеҳсолот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони корхона барои афзун намудани ҳаҷми маҳсулот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо равғани растанӣ, ки бештар аз хориҷи мамлакат ворид карда мешавад, маслиҳатҳои муфид доданд.
Дар арафаи ифтитоҳи корхона директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи баракат» Давлаталӣ Ҷӯрабеков ва роҳбари Ширкати чинии «Синзян Мадина Интернешнл Логистик груп Ко лимитед» Кунугули Махачи барои содироти равғани корхона ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба маблағи 5 миллион доллари амрикоӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонданд.