Қонунгузории Тоҷикистон барои сармоягузорон беш аз 240 номгӯи кафолату имтиёзҳоро муқаррар намудааст

Submitted by admin on Mon, 22/01/2024 - 15:29
Tajikistan
123

Имрӯз дар мамлакати мо зиёда аз 720 лоиҳаи сармоягузориҳои давлатӣ ба маблағи беш аз 13,8 миллиард доллари амрикоӣ амалӣ шуда истодааст. Қонунгузории амалкунандаи мо барои сармоягузорон беш аз 240 номгӯи кафолату имтиёзҳо, аз ҷумла зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукиро муқаррар намудааст. Чунин изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои Давлати Қатар, ки имрӯз дар Доҳа баргузор гардид.

 

Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид намуданд, ки ҷалби сармоя ба соҳаҳои гуногуни иқтисод ва рушди соҳибкорӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст. Дар ин замина мутобиқ ба татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, имкониятҳои васеи сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, василаҳои марбут ба имтиёзҳои андозу гумрук ва кафолатдиҳӣ ба таври васеъ истифода мегарданд.

 

«Узвияти Тоҷикистон дар Созмони ҷаҳонии савдо ва як қатор конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорон низ гувоҳи мутобиқ будани қонунгузории мо ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад»,-тазаккур доданд Пешвои миллат.

 

Роҳбари давлат, изҳор доштанд, ки Тоҷикистон бо тамоми сохторҳои молиявии байналмилалӣ ҳамкорӣ намуда, бо 110 давлати дунё робитаҳои иқтисодӣ дорад. Ҳоло давлати мо дорои иқтисоди бисёрсоҳаи рушдёбанда буда, дар он барои пешбурди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, фароҳам овардани шароити муносиби корӣ дар ин ҷода пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

 

Ҳамзамон гуфта шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон омода аст пешниҳодҳои сармоягузорони қатариро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории судманд дар самтҳои афзалиятнок бодиққат омӯзад ва дастгирӣ намояд.

 

Дар фарҷом, Сарвари давлати Тоҷикистон аз доираҳои соҳибкорию сармоягузории Қатар даъват намуданд, ки бо мақсади шиносоии наздик аз имкониятҳои ҳамкорӣ бо давлати мо дар самтҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ба Тоҷикистон ташриф биёранд.

Теги