ЧСК "Телерадиоком" » Лоихахо » 3. Лоиҳаи Барномаи рақамии рушди пахши телевизиони рақамӣ
Асосӣ Алоқа

Машҳур

Тақвим

«    Ноябр 2017    »
ДуСеЧшПшҶмШнЯк
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 
ЧСК "Телерадиоком" » Лоихахо » 3. Лоиҳаи Барномаи рақамии рушди пахши телевизиони рақамӣ

3. Лоиҳаи Барномаи рақамии рушди пахши телевизиони рақамӣ

11-04-2014, 09:40 | Фасл: Лоихахо | Аз назар гузаронданд: 1916
Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 бо мақсади татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ барои солҳои 2010 – 2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҳикистон аз 01. 10. соли 2009 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.
Дар айни замон баъзе ширкатҳо ба муштариёни худ дар формати рақамӣ тамошо кардани барномаҳои телевизиониро пешниҳод менамоянд, аммо хизматрасонии онҳо танҳо ба шумораи ками аҳолӣ дастрас мебошад. Асосан ин ба як қисмати аҳолии шаҳри Душанбе ва шаҳри Хуҷанд дахл дорад. Пешбинӣ гардидааст, ки аз соли 2015 тамоми маркази ноҳияҳо бо пахши рақамии телевизион фаро гирифта мешаванд, аҳолӣ каналҳо ва барномаҳоро мувофиқи хоҳиши худ интихоб карда метавонанд. Дар назар дошта шудааст, ки гузариши пурра ба сигнали телевизиони рақамӣ барои ба таври оммавӣ бо Интернети васеъфосила таъмин намудани аҳолӣ имконият фароҳам месозад.
Афзалияти асосии пахши рақамӣ дар муқоиса бо таҷҳизоти аналогӣ ошкоро маълум аст – ин имконияти таъмини сифати баландтари тасвир ва овоз, ҳамчунин хеле бештар шудани каналҳо мебошад, ки онро тавассути шабакаи кабелӣ ё моҳвора пахш намудан мумкин аст. Гузариш ба системаи телевизиони рақамӣ имконият медиҳад, ки қувваи барқ хеле сарфа карда шуда, коэффитсиенти фоиданокии таҷҳизоти технологӣ то 80% ва аз ин ҳам баландтар бардошта шавад. Ба афзалияти иловагии пахши рақамӣ иқтидорҳои имконпазири барои хизматрасониҳои фоиданок истифодашавандаро низ метавон мансуб донист, масалан пахши барномаҳои телевизионӣ, сатрҳои равон, овози бисёрканалӣ, якчанд сатри равон бо забонҳои мухталиф ва ғайраҳо.
Телевизоре, ки имрўз мо истифода мебарем, сигнали рақамиро қабул карда наметавонад. Аммо ин маънои онро надорад, ки мо бояд то соли 2015 телевизорҳои пешинаи худро иваз намоем. Дар байни телевизор ва фазои паҳншавии сигнал декодер ҳамчун миёнарав хизмат мекунад – ба истилоҳ set-top-box («қуттии дар боло насбшуда») - ин дар ҳақиқат қуттие мебошад, ки маъмулан дар болои телевизор гузошта мешавад. Асбоб сигнали рақамиро қабул мекунад, вайро ба сигнали аналогӣ табдил медиҳад ва ба дохили қабулкунандаи телевизион медиҳад, ба тамошобин фақат лозим аст, ки канал интихоб намояд.


Роҳҳои амалӣ намудани ин барнома


- фароҳам овардани шароити мусоиди дастгирии молиявии давлатӣ, зимни тартиб додани нақшаҳои дурнамо;
- муҳайё намудани шароит барои сармоягузорӣ ва намудҳои дигари маблағгузорию қарзҳои имтиёзнок.


Марҳилаҳои татбиқи барнома


Ҷорӣ гардидани пахши телевизиони рақамӣ марҳилаи гузариш аз пахши аналогӣ ба рақамиро тахминан 5 сол пешбинӣ менамояд ва дар ин давра системаҳои мазкур якҷоя фаъолият хоҳанд кард.
Гузариши пурра ба пахши телевизиони рақамӣ дар марказҳои маъмурии бузурги ҷумҳурӣ (ба шарте ки аз соли 2010 шурўъ гардад) дар охири соли 2015 ба итмом расонида мешавад.
Мувофиқи Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ барои солҳои 2010 – 2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 529 аз 01. 10. соли 2009 тасдиқ шудааст, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи ҷорӣ намудан ва давра ба давра гузаронида шудани шабакаи аналогии пахши телевизиони ҷумҳуриявиро ба формати аврупоии пахши телевизиони рақамии заминии DVB-Т2 таҳия намуд. Чунин интихобро гурўҳи корӣ баъд аз гузаронидани таҳлили системаҳои телевизиони рақамии дар истеҳ солот қарордошта ва стандартизатсияи байналмилалӣ гузаронидашуда, ҳамчунин аз рўи натиҷаҳои санҷишҳо ва таҷрибаи ватании пахши телевизиони рақамии заминӣ ва моҳвораӣ пешниҳод намуданд.


Иҷроиши «Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 - 2015”


Боби 4, банди 27) Давраи I: Соли 2010

Бо мақсади амалӣ намудани давраи якуми «Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015» аз тарафи ҶСК «Телерадиоком» барои пахш намудани барномаҳои «Шабакаи аввал», Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина», Муассисаи давлатии «Телевизиони кўдакону наврасон - Баҳористон», Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» ва 4 барномаи давлатии радиои ҷумҳурӣ 7 майи соли 2010 фиристандаи пахши рақамӣ бо стандарти аврупоии DVB – T2, MPEG-4 дар канали телевизионии 46 бо иқтидори 2500 Вт насб карда ба истифода дода шуд.
Фиристандаи мазкур аҳолии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи онро бо сифати баланди мавҷҳои телевизионӣ таъмин менамояд. Амалӣ гардидани нақшаи давраи аввал имконият фароҳам сохт, ки аҳолии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи шаҳр бо аҳолии 1 500 ҳазор нафар (ё 21,5 фоизи аҳолии ҷумҳурӣ) бо пахши рақамӣ фаро гирифта шавад.

Боби 4, банди 28) Давраи II: Соли 2011

Барои иҷро намудани давраи дуюми Барнома соли 2011 дар маҳали Тошработи ноҳияи Вахш фиристандаи пахши рақамӣ бо стандарти аврупоии DVB – T2, MPEG-4 дар канали телевизионии 46 бо иқтидори 2500 Вт насб гардид. Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд низ дар канали телевизионии 49 фиристандаи телевизионии рақамӣ насб карда шуд.
Дар натиҷаи амалӣ шудани давраи дуюм шаҳрҳои Хуҷанду Қӯрғонтеппа ва қисми ноҳияҳои атрофи шаҳрҳои мазкур бо аҳолии тахминан 2 610000 (ё 37,3 фоизи аҳолии ҷумҳурии) бо пахши рақамӣ фаро гирифта шуд.

Боби 4, банди 29) Давраи III: Соли 2012

Дар давоми соли 2012 давраи сеюми «Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015» амалӣ карда гардид. Мувофиқи Барнома дар ин давра дар шаҳри Кӯлоб фиристандаҳои телевизиони рақамӣ бо иқтидори 550Вт ва дар шаҳри Хоруғ фиристандаи телевизиони рақамӣ бо иқтидори 150 Вт насб карда ба истифода дода шуд. Фиристандаҳои мазкур аҳолии шаҳрҳои Кӯлобу Хоруғ ва минтақаҳои атрофи ин шаҳрҳоро бо пахши рақамӣ фаро гирифта истодааст.

Боби 4, банди 30) Давраи IV: Соли 2013

Дар СРР “Зардолу”ва СРТ “Шар - Шар” фиристандаи рақамӣ бо иқтидори 550 Вт ба истифода дода шуданд.
ҳамчунин, насб намудани фиристандаҳои рақамӣ бо иқтидори 1200 Вт дар маҳали Коктоши шаҳри Истаравшан ба нақша гирифта шудааст.
Алҳол корҳо оиди сохтмони роҳ ва кашидани хати барқ аз тарафи Ҳукумати шаҳр оғоз шудааст.

Айни замон фоизи фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо пахши рақамии барномаҳои давлатии телевизион ба миқдори зерин аст:


3. Лоиҳаи  Барномаи рақамии рушди пахши телевизиони рақамӣ

 

ЧСК "Телерадиоком" » Лоихахо » 3. Лоиҳаи Барномаи рақамии рушди пахши телевизиони рақамӣ