ЧСК "Телерадиоком" » Лоихахо » 1. Хатҳои радиорелегӣ (ХРР)
Асосӣ Алоқа

Машҳур

Тақвим

«    Октябр 2017    »
ДуСеЧшПшҶмШнЯк
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
ЧСК "Телерадиоком" » Лоихахо » 1. Хатҳои радиорелегӣ (ХРР)

1. Хатҳои радиорелегӣ (ХРР)

11-04-2014, 09:41 | Фасл: Лоихахо | Аз назар гузаронданд: 1223
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми дар ҳайати ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди шўравӣ қарор доштан бо дигар аъзои иттиҳод танҳо ба воситаи ҷумҳуриҳои ҳамсоя робитаҳои коммуникатсионӣ барқарор карда метавонист. Пайваст шудани бо мамлакатҳои хориҷи дур умуман имконнопазир буд. Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи моро вазифадор намуд, ки раҳоӣ аз ҳама гуна бунбасти коммуникатсиониро ҷустуҷўй намоем, чунки маҳз робита бо ҳамсояҷои дуру наздик омили тараққӣ ва пешравии ҷумҳурӣ шуда метавонад.
ҶСК «Телерадиоком» низ барои амалӣ гардидани ин мақсад чандин лоиҳаҳо ва барномаҳои хурду бузургро таҳия намуд. Баъзе аз онҳо аллакай амалӣ шудаанд. Яке аз чунин лоиҳаҳое ки барои кишвар аҳамияти муҳими стратегӣ дорад, Барномаи таҷдиди хатҳои радиорелегии дохили ҷумҳуриявӣ мебошад. Лоиҳаи мазкур аз тарафи мутахассисони ҶСК «Телерадиоком» тартиб дода шудааст ва қисмати зиёди он амалӣ гардид. Тибқи ин Барнома хатҳои радиорелегии қисмати шимол, ҷануб, шарқ ва ғарби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хеле фарсуда ва корношоям шудаанд таҷдид карда мешаванд. Яъне хатҳои мазкур ба таҷҳизоти муосири рақамӣ гузаронида хоҳанд шуд.
Амалӣ намудани Барномаи мазкур имконият фароҳам меоварад, ки каналҳои интиқоли барномаҳои миллии радиотелевизионӣ ва алоқа устувор ва босифат шаванд, аҳолии минтақаҳои шимол, шарқ , ғарб ва ҷануби ҷумҳурӣ ба хизматрасониҳои иттилоотии муосир ва интерактивӣ таъмин гардида бо иттилооти зарури; дастрасии бемонеа дошта бошанд.
Дар айни замон хатҳои радиорелегии самтҳои Душанбе – Хуҷанд (ҳамчунин шабакаи хатҳои дохили вилоятӣ ), Душанбе – Қўрғонтеппа бо ҷудо шудани хат ба самтҳ ои - Айваҷ ва Кўлоб Ховалинг ва Душанбе – Ғарм – Ҷиргатол ба истифода дода шудаанд.
Илова бар ин, ҶСК «Телерадиоком» имрўзҳо лоиҳаи насбу васли таҷҳизоти хатҳои радиорелегии самти Душанбе – Қулмаро таҳия намудааст. Амалӣ шудани лоиҳаи мазкур ба имкониятҳои зеринро фароҳам месозад:
- дар байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Чин робита барқарор мешавад;
- Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият пайдо мекунад, ки Ҷумҳурии Халқии Чинро бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва кишварҳои дигари Осиё пайваст намояд;
- хатҳои радиорелегиро ҳамчун воситаи асосӣ барои пахшҳои мустақим аз марказҳои вилояту ноҳияҳо истифода бурдан имконпазир мешавад.

 

ЧСК "Телерадиоком" » Лоихахо » 1. Хатҳои радиорелегӣ (ХРР)