Дар Истаравшан дар майдони 40 гектар боғи себ бунёд мегардад

Submitted by admin on Tue, 04/26/2022 - 00:04
Телерадиоком

Ҷиҳати самаранок истифода  бурдани замин ва бунёд кардани боғу токзори нав дар талу теппаҳои бекорхобидаи деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан дар майдони 40 гектар боғи анъанавии себ бунёд карда мешавад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, дар ин бора 22 апрел ба Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз ҷараёни бунёди боғҳои нав дар Истаравшан иттилоъ дода шуд.

Боғи мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати самаранок истифода бурдани замин ва зиёд кардани майдони боғу токзори нав бунёд карда мешавад.

Боғҳои нав аз ҷониби саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоат дар шафати обанбори «Зарринруд» бунёд карда шуда, дар назар аст, ки барои обёрӣ кардани ин заминҳо аз ҳисоби саҳмдорон чоҳи амудӣ  кофта шавад.

Боғҳои бунёдшаванда дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок ҷойгир буда, баъди пурра бунёд гардидан барои сайёҳону меҳмонон метавонанд манзараи зебои табиатро муаррифӣ намоянд.

Раиси вилоят аз ташаббуси боғпарварон истиқбол намуда, иброз дошт, ки ташкили боғҳои нав дар заминҳои бекорхобидаи мавзеъ, ки беш аз 200 гектар аст, бояд ҳарчи зиёдтар ба роҳ монда шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода инчунин дар хоҷагии деҳқонии «Бобо Рашид»-и Ҷамоати деҳоти Нофароҷ ба кишти картошка оғоз бахшид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар деҳоти Истаравшан соли равон дар 3400 гектар картошка кишт гардида, дар ин ҷамоат моҳи апрел ба кишти картошка оғоз мекунанд.

Раиси вилоят дар суҳбат бо деҳқонон бори дигар ёдрас шуд, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ҳар ваҷаб замин самаранок истифода бурда шуда, бо назардошти афзоиши талабот ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ сол ба сол зиёд карда шавад.

Теги