Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Қатар мусобиқаи ниҳоии Ҷашнвораи аспдавониро тамошо намуданд

Submitted by admin on Sun, 18/02/2024 - 15:25
Tajikistan
123

Пас аз мулоқот Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои тамошои якҷояи мусобиқаи ниҳоии Ҷашнвораи аспдавонӣ ба тамошогоҳи майдони васеи хоси ин бозиҳо даъват намуд.

 

Суҳбати самимии сарони ду давлат ҳангоми тамошои пойгаҳи аспдавонӣ идома ёфт.

 

Тавре таъкид гардид, ин намуди варзиш дар байни мардумони араб, аз ҷумла қатариён, шуҳрати беандоза зиёд дорад ва дар он варзишгарони моҳиру номдор аз тамоми минтақаҳои ҷаҳон иштирок намуда, ғолибон соҳиби ҷоизаҳои калон мегарданд

Теги