Ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти 3 моҳа

Submitted by admin on Wed, 04/27/2022 - 09:51
Кумитаи телевизион ва радио

14 апрели соли 2022 ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти 3 моҳа баргузор шуд.

Дар ҷаласа фаъолияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар семоҳаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда баррасӣ гардид.

Нахуст тибқи рӯзномаи ҷаласа вобаста ба самтҳои телевизион, радио, дастаҳои ҳунарӣ ва масъалаҳои техникӣ, аз ҷумла вазъи феълии таҳияи барномаву гуфторҳои телевизионию радиоӣ, сатҳу сифати корҳои эҷодӣ, инчунин такмили базаи моддию техникии радиову телевизионҳо, беҳтарсозии инфрасохтори қабулу пахши мавҷҳои радиотелевизионӣ ҳсиоботи масъулони дахлдор шунида шуд.

Сипас муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддинзода Субҳиддин доир ба натиҷаҳои фаъолияти 3 моҳаи сохторҳо маърӯза карда, изҳор дошт, ки дар ин давра шабакаҳои ТВ ва радиоии шомили Кумита дар доираи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор масъалаҳои мубрами ҷомеаи имрӯз, аз ҷумлараҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат, рушди соҳаи кишоварзӣ, пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуб, аз қабили гаравидан ба равияҳои гуногуни ифротӣ, вазъи таѓйирёбандаи љаҳони имрўза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир барномаҳои телевизионӣ, гуфторҳои радиоӣ, филмҳои мустанад ва ролику лавҳаҳо таҳия ва пешниҳоди бинандагону шунавандагон гардониданд. Таъкид шуд, ки шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, бо дарназардошти рушди босуръати технологияҳои муосири иттилоотӣ, дар таҳияи барномаву гуфторҳо, бояд аз имконияти ин технологияҳои муосир ба таври самаранок истифода баранд.

Дар охир ҷиҳати беҳтаргардонии фаъолият, баланд бардоштани сатҳу сифати барномаву гуфторҳо, таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои рангину ҷолиби телевизонию радиоӣ, аз қабили барномаҳои мустақими иртиботӣ, тақвияти корҳо бобати тарғибу ташвиқи эҳсоси худшиносию ватанпарастӣ миёни насли наврас, пешгирии паҳншавии ғояҳои ифротгароию экстремистӣ дар ҷомеа ба масъулин дастурҳо дода шуд.

Котиби матбуот
Иброҳим Аҳмад

Теги