Рустами Эмомалӣ: «Низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам барои рушди минбаъдаи аксари кишварҳо мушкилоти ҷиддӣ эҷод мекунанд»

Submitted by admin on Wed, 07/12/2022 - 11:45
Tajikistan
рустам

«Рушди ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби СААД- омили аслии таъмини амният дар минтақа аст»,- изҳор доштанд зимни суханронӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи якҷояи Шӯро ва ҷаласаи пленарии понздаҳуми Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АП СААД), ки дирӯз 5 декабр дар толори «Колонний»-и Хонаи иттифоқҳои Москва баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти АП СААД хабар доданд.

«Наздик ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллӣ аз авлавияти асосии Ассамблеяи парламентии СААД мебошад. Имрӯз дар рӯзномаи мову шумо 10 лоиҳаи санадҳои намунавӣ қарор дорад. Бо дарназардошти он ки тайи 16 сол 72 қонуну тавсияҳои намунавӣ қабул шудаанд, метавон дар бораи фаъолсозии назарраси кори Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АП СААД) сухан гӯем», — гуфт Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин.

«Натиҷаҳои ҷаласаи АП СААД ба татбиқи босамари вазифаҳое, ки дар назди Созмон истодаанд, ҷиҳати таъмини амният ва субот дар минтақаи масъулияти СААД мусоидат хоҳанд кард»,- иброз намуданд Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ.

Ба гуфтаи ӯ, низоъҳои дар минтақаҳои гуногуни олам бамиёномада барои рушди аксари кишварҳо мушкилоти ҷиддӣ эҷод мекунанд. «Дар ин замина вазъияте, ки дар Афғонистони ҳамсояи мо ба амал омадааст, махсусан ташвишовар аст»,- гуфтанд Рустами Эмомалӣ.

Ба гуфтаи ӯ, Созмон бояд барои ҳифзи марзҳои ҷанубӣ аз терроризму ифротгароӣ тадбирҳои фаврӣ андешад, таъмини амният дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон зарур аст.

«Имрӯз он (вазъи Афғонистон – Тавзеҳи АМИТ «Ховар») ба манфиатҳои амнияти дастҷамъӣ таҳдиди воқеӣ ва эҳтимолан зиёд дорад. Дар ин вазъият кишварҳои мо бояд дар якҷоягӣ барои ҳифзи сарҳадҳои ҷанубии СААД тадбирҳои таъҷилӣ андешанд, то таҳдидҳои аз он самт бароянда кам карда шаванд»,- изҳор доштанд Рустами Эмомалӣ.

Он кас таъкид намуданд, ки дар айни замон таҳдидҳо аз Афғонистон афзоиш меёбанд. Ба онҳо терроризм, экстремизм ва радикализм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир шомил мешаванд.

Теги