Дар Душанбе ҷаласаи умумии Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо доир гардид

Submitted by admin on Wed, 08/11/2023 - 16:42
Tajikistan
123

Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи умумии Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки зиёда аз 20 коршиноси байналмилалӣ, намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар доданд.

 

Дар ҷаласа иброз гардид, ки дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар намудани фаъолияти экологӣ пайваста тадбирҳои муасир андешида мешавад. Баррасии натиҷагирии фаъолияти чоруми экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои назаррасро дар ин самт тасдиқ намуд. Тоҷикистон аввалин давлате аст, ки баррасии чоруми фаъолияти экологиро анҷом медиҳад.

 

Ҳамзамон баён гардид, ки Шарҳи натиҷаҳои фаъолият дар соҳаи ҳифзи муҳити зист арзёбии пешрафти давлат дар соҳаи мувофиқаи вазифаҳои экологӣ, иқтисодӣ ва риояи уҳдадориҳои байналмилалии ҳифзи табиат мебошад.

 

Таъкид гардид, ки Барномаи шарҳи натиҷаҳои фаъолият дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ба давлатҳо дар беҳтар намудани идоракунии муҳити зист ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти экологӣ мусоидат намуда, мубодилаи иттилоотро байни давлатҳо оид ба сиёсати экологӣ ва таҷрибаи татбиқи он ташвиқ менамояд.

 

Ҳамзамон он ба ҳамгироии сиёсати экологӣ ва сиёсати соҳавӣ дар соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёт мусоидат намуда, масъулияти мақомоти давлатиро дар назди ҷомеа ва таҳкими ҳамкорӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ тарғиб менамояд.

Теги