РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Яке аз ҳадафҳои Конфронси сеюми оби Душанбе таҳлили татбиқи Рӯзномаи амал дар соҳаи оби Конфронси оби СММ аст

Submitted by admin on Sat, 13/01/2024 - 10:31
Tajikistan
123

Яке аз ҳадафҳои Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»- таҳлили татбиқи Рӯзномаи амал дар соҳаи оби Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи тадорукоти Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки моҳи июни соли 2024 дар Душанбе доир мешавад, иттилоъ медиҳад.

 

Дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» форумҳо, ки онҳо барои гурӯҳҳои гуногун платформаи иловагӣ муҳайё менамоянд, гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, форумҳои минтақавӣ- бо таваҷҷуҳ ба Осиёи Марказӣ ва Африқо, инчунин Форуми занон, Форуми наврасону ҷавонон, Форуми бахши хусусӣ, форумҳои махсус- Форуми пиряхҳо ва Форуми об бо таваҷҷуҳ ба илм ва технология баргузор мегарданд.

 

Форумҳо аз ҷониби созмонҳои соҳавии байналмилалӣ, минтақавӣ ва дигар ҷонибҳои алоқаманд гузаронида мешаванд. Дар ин замина вазорату идораҳои марбутаи мамлакат дар доираи омодагӣ ба ин форумҳо бо созмондиҳандагони он ҳамкории зич намуда, ба ҳалли масъалаҳои мавҷуда ва ҷалби иштирокдорон аз ҷумҳурӣ ба ин форумҳо мусоидат менамоянд.

 

Бояд тазаккур дод, ки Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар доираи ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об ва иқлим моҳи июн дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.

 

Дар конфронс иштироки роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои бархе аз давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ пешбинӣ шудааст. Аз ин рӯ, бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани ин конфронс таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи тадорукоти Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таъсис дода шудааст.

 

Марзия САИДЗОДА,

АМИТ «Ховар»

Теги