Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ бо Лубнон пирӯзӣ таманно намуданд

Submitted by admin on Mon, 22/01/2024 - 13:13
Tajikistan
123

22 январ дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол мулоқот намуданд.

 

Зимни мулоқот Пешвои миллат аз футболбозон даъват ба амал оварданд, ки барои парафшонии Парчами Ватан талош намоянд.

 

Сарвари давлат ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии имрӯза ба муқобили тими миллии Лубнон пирӯзӣ таманно намуданд.

 

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба Пешвои миллат барои дастгирии пайваставу ҳавасмандгардониҳо изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки дар ҷавоб ба ин ғамхорию дастгириҳо талош менамоянд сазовори боварию эътимоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва мардуми тоҷику мухлисон бошанд.

 

Бояд гуфт, ки таъмини рушди футбол дар Тоҷикистон ва дастгириии варзишгарон, хусусан футболбозон дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад.

 

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «А» дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Лубнон рақобат менамояд. Бозии мазкур дар варзишгоҳи Ҷосим бин Ҳамади Доҳа баргузор шуда, соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (20:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.

 

Дар даври аввал дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо Чин мусовӣ (0:0) бозида, дар даври дуюм аз Қатар бо ҳисоби 0:1 шикаст хурд.

 

Мавриди тазаккур аст, ки аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарин аз байни ҷойҳои сеюм ба даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.

Теги