15 марти соли 2022 кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ намоиши мероси нодири ниёгони миллати тоҷик – «Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ»-ро тамошо намуданд
Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон зери унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи ҳунарҳои осиёии «Гиме»-и шаҳри Париж 13 октябри соли 2021 бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар остонаи сисолагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Фаронса ифтитоҳ ёфта буд.
Намоишгоҳи «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» бо мақсади муаррифӣ намудани тамаддуну фарҳанги қадимии тоҷикон дар мисоли ёдгориҳои бостонӣ, ки дар мавзеъҳои таърихии мамлакат, аз ҷумла Саразми бостонӣ, Тахти Сангин, Панҷакенти Қадим, қалъаи Кофарниҳон, Ҳулбук, Аҷинатеппа дарёфт шудаанд, ташкил шудааст. Дар намоишгоҳ ҳудуди 300 адад ёдгории таърихӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, имкон фароҳам меорад, ки бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик шинос шавем.

Муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Субҳиддин Шамсиддинзода зимни боздид аз намоишгоҳ изҳор дошт, ки маҳз тавассути дастгирӣ ва ғамхориҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои гуногуни ҷомеа, бахусус фарҳанг рушд намудааст. Мо, кормандони воситаҳои ахбори оммаро мебояд ҷиҳати тарбияи фарҳангии ҷавонону наврасон кўшиш намоем, то насли оянда аз тамаддуни фарҳангии ниёгонамон баҳраманд гардад.

“ҶП”