Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва хатарҳои муосир, терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди аз нав тақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии ҷумҳуриамон тадбирҳои иловагӣ андешем. Ин матлаб дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 таъкид гардид.
Ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобаста, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммад АБДУРАҲМОН дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол шудааст, доир ба ин мавзуъ чунин изҳори андеша намудааст:
— Дарвоқеъ, вобаста ба пешгирӣ намудани чунин зуҳуроти номатлуби ҷомеа мо бояд корҳои таълимию тарбиявӣ ва ташвиқотиро аз оила шуруъ намуда, то мактабу дигар ташкилоту муассиса ва идораҳои ҷамъиятӣ пурзӯр намоем.
Мафҳуми «терроризм» имрӯз дар фаҳмиши мардум бо шаклҳои гуногун шарҳу баён дода мешавад, аммо маънои асосӣ ва моҳияти он даҳшатафканӣ буда, муқобили зиндагии осоиштаи мардум аст, ки бо дигар мафҳумҳои номатлуб ба монанди «террор», «фаъолияти террористӣ» ва «ҳаракати террористӣ» алоқамандӣ дорад. Аз ин рӯ, барои муқовимат намудан ба терроризм, пеш аз ҳама, муайян намудани дараҷа ва табиати он заруриат пайдо намудааст. Аз ин ҷо мо бояд дар мадди аввал зуҳуроти терроризмро ҳамчун меготерроризм ё ин ки терроризми умумӣ шиносем, зеро ба меготерроризм боз кибертерроризм, биотерроризм, терроризми равонӣ, иҷтимоӣ ва технологӣ низ дохил мешаванд.
Дуюм, терроризм дар сатҳи байниминтақавӣ низ мавҷуд аст, ки онро ҳамчун терроризми трансмиллӣ медонанд ва он дар худ терроризми иҷтимоӣ, иқтисодӣ, динӣ, идеологӣ, миллӣ ва ҷиноятиро муттаҳид менамояд.
Мавриди тазаккур аст, ки муайян намудани дараҷа ва табиати терроризм барои пешгирӣ намудан ва баргузор намудани чорабиниҳои мақсадноки муқовимат ба он муҳиммияти хосса дорад. Зеро «террор» ҳамчун методи муборизаи сиёсӣ ва ё истифодаи қувваи зӯрӣ барои расидан ба мақсадҳои сиёсӣ, даҳшатангезӣ ба мардум ва шахсиятҳои алоҳида аллакай муайян гардидааст.
Методи зӯроварии террористону экстремистон дар ҳама ҳолат барои расидан ба мақсади ниҳоӣ ба намояндагони ҷониби мухолиф ё аҳолии осоишта равона мешавад. Барои онҳо оила, миллат, дин, мазҳаб, ахлоқ, раҳму шафқат вуҷуд надорад, чунки мақсадашон бештар дар доираи манфиатҳои шахсӣ ва хоҷагони худ ҳаллу фасл меёбад.
Барои пешгирӣ намудани амалҳои террористию экстремистӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар сафи пеши мубориза қарор дорад ва корҳои зиёдеро ҳам ба анҷом расонидааст.
Инъикоси ин дар натиҷаи амалӣ намудани «Стратегияи миллии Ҷумхурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» дарҷ гардида, заминаҳои сиёсати мақсаднок ва ҳамоҳангшудаи давлатӣ нибати ин зуҳурроти номатлуб гузошта шудааст.
Ҳамзамон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Точикистон, санадҳои байналмилалии эътирофшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо назардошти вазъи имрӯзаи ҷомеа Стратегияи миллии Ҷумхурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои барои солҳои 2021-2025 қабул шудааст.
Яке аз ташаббусҳои дигари сатҳи ҷаҳонии Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар шаҳри Душанбе баргузор намудани чорабинии сатҳи баланд оид ба «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» буд, ки соли 2019 доир шуд.
Дар ин ҳамоиши бузург зиёда аз якуним ҳазор меҳмон ва олимону пажӯҳишгарони мамлакатҳои дуру наздик иштирок намуда буданд.
Мавриди тазаккур аст, ки зуҳуроти терроризм имрӯз як фаъолиятест, ки дар асоси принсипҳои зӯроварӣ ва ба таври ҷисмонӣ аз байн бурдани одамон, даҳшатафканӣ, тарсонидан бо куштор ва қатли умумиро дар бар мегирад, ки аз ҳама хатарноктарин шакли ноустувории сиёсии ҷомеа мебошад. Муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ намудани амалҳои экстремистӣ ин оромӣ ва рушди ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дар вазъияти имрӯза, сабаби асосии рушди терроризмро муҳаққиқони ватанӣ бештар дар идеологияи сиёсӣ-динӣ ва дигар фаҳмишу андешаҳои зӯроварӣ медонанд, ки асоси фаъол гардидани зуҳуроти терористӣ ё амалҳои ҷудогонаи он, ба монанди ташкил намудани ташкилотҳои террористӣ бо таъмини таҷҳизот ва дигар неруҳо аз ҷониби бегонагон мебошад.
Махсусан, мақоми мафкураи сиёсиро ҳамчун унсури маърифатӣ дар ташаккули таҷрибаи сиёсӣ ва сатҳи рушди сиёсии мардум тақвият бахшида, роҳҳои пешгирӣ ва бартараф намудани терроризм ва экстремизмро дарёфт намоем. Зеро ҳифзи манфиатҳои миллӣ барои мамлакати мо нуқтаи асосии пайдоиши талабот ҷиҳати ба низом даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад.
Дар айни ҳол, фаҳмиши манфиатҳои миллӣ дар байни оммаи мардум ҳамчун ҳифзи истиқлоли давлатӣ, якпорчагии давлат, асосҳои сохтори конститутсионӣ, мустаҳкам намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ, рушди босуботи иқтисодӣ, идеология, таҳкими демократия муҳиммияти махсус пайдо намудааст. Зеро масъалаи сармояи инсонӣ ва таълиму тарбияи шахси ҳаматарафа ташаккулёфта, ватанпарасту миллатдӯст асоси ҳифзи манфиатҳои миллиро ташкил менамояд. Бубинед, боғу роғ, заводу фабрика, кӯчаву шаҳр ва дигар ҳама чизҳоро сохтан мумкин, аммо инсонро сохтан мушкил аст. Махсусан, таъсири технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ, равандҳои мағзшуӣ дар арсаи байналмилалӣ, ба таври манфӣ нишон додани имиҷи ин ё он миллату мамлакат кори ҳаррӯзаи қувваҳои бадхоҳ дар фазои иттилоотӣ шуда истодааст, ки ба рушди ҷомеа беасар монда наметавонад.
Ҷойи баҳс нест, ки хавфу хатар ва таҳдидҳо дар ҷомеа инсонҳоро ба дарки зиндагии якҷоя барои ҳифзи манфиатҳои умумӣ ва ҳаётан муҳим водор месозанд. Вале пайдо шудани таҳдиду хавфҳои «репутатсионӣ» барои паст задани обрӯ ва имиҷи миллату давлат дар як соли охир дар фазои иттилоотӣ хеле зиёд ба назар мерасад, ки боиси нигаронист.
Баъзе коршиносон ва расонаҳои ҷаҳонӣ бо ҳадафи асосӣ терроризми муосирро нишон доданӣ мешаванд ва авҷи онро ба давлатҳои алоҳидаи абарқудрату минтақаи алоҳида ва ё созмону ташкилоти террористӣ нисбат медиҳанд
Аз ин рӯ, ташвиқу тарғиби арзишҳои миллӣ ва вокуниш ба туҳмату дуруғпардозиҳои ноошноёни миллат дар фазои иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва мақому мартабаи Тоҷикистони азиз зарурати навро пайдо намуда истодааст. Бинобар ин тайёр намудани мутахасисони касбӣ дар самти мубориза ба экстремизму терроризм тавассути шабакаи интернет имрӯз масъалаи хеле муҳим арзёбӣ мегардад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз замони ба сари қудрат омадани ҳукумати нав дар ҳамсоямамлакати мо як идеологияи хушунатомезонае нисбати тоҷикон пайдо гардидааст, ки рӯз то рӯз ноошноёни миллати мо кўшиш менамоянд дар ҳама бархўрдҳои даҳшатангез тоҷиконро ба таври манфӣ муаррифӣ намоянд. Ҳатто дар идеология ва фаъолияти онҳо даъвати тоҷикон барои ин ё он амали номатлуб бартарӣ пайдо намудаст.Чунин идеологияи пасипардагӣ, пеш аз ҳама, барои бадном намудани миллат дар арсаи байналмилалӣ истифода бурда мешавад.
Ҳамин тавр, дар шароити соҳибистиқлолии ҷумҳуриамон муқовимат ба терроризм ва экстремизм самти афзалиятноки мафкураи миллӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон масъалаи устуворгардонии мавқеи шахс, мақому манзалати он дар сатҳи маърифатнокӣ, ватанпарварӣ ва худогоҳӣ бояд дар ҳама самтҳо ба инобат гирифта шавад.
Муқовимат ба терроризм ин тадбирест барои таъмину таҳкими амнияти миллӣ, ки аз мафкураи сиёсии давлатӣ ва дастгирии шаҳрвандони мо вобастагӣ дорад. Устувор нигоҳ доштани ин фазо дар шароити соҳибистиқлолӣ бояд ҳамаҷониба дастгирӣ ва пазируфта шавад.