27 июни соли 2023 дар натиҷаи якбора гарм шудани ҳаво, обшавии босуръати пиряхҳо, баландшавии оби дарёи Шоҳдара ва омадани сел дар деҳаи Миденведи деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон офати табиӣ рух дод.
Офати табиӣ ба чандин хонаи истиқоматии аҳолӣ, роҳу пулҳо, иншооти иҷтимоӣ ва заминҳои кишоварзӣ зарар расонид.
Субҳи имрӯз бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комиссияи ҳукуматӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ таъсис дода шуд.
Пешвои миллат ба Сарвазири мамлакат, комиссияи ҳукуматӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, дигар вазорату идораҳо ва сохтору мақомоти дахлдор дастур доданд, ки барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиии рухдода тамоми тадбирҳои зарурӣ ва фавриро амалӣ намоянд.
Дастур дода шуд, ки барои таъмини бехатарии аъзои 210 оилаи дар назди соҳили Шоҳдара ҷойгиршуда, аз ҷумла ба ҷойҳои бехавф кӯчонидан, бо маводи ғизоӣ ва дигар шароити зарурии зиндагӣ таъмин кардани онҳо, инчунин, барқарор намудани хонаҳои осебдида чораҳои бетаъхир андешида шаванд.