Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия оғоз мегардад

Submitted by admin on Thu, 06/07/2023 - 10:58
Tajikistan
123

Имрӯз, 6 июл Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мешавад. Ҳайати 64-нафараи ҳунармандони Русия аз 6 то 8 июл барномаҳои ҳунарии хешро дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд баргузор менамоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳунармандони бомаҳорати Русия дар ҳайати пианинанавози машҳур, Ҳунарпешаи халқии Русия Денис Матсуев, Ансамбли давлатии академии рақси халқии «Налмэс» –и Ҷумҳурии Адигея дар ин рӯзҳо бо барномаҳои ҷолибу диданӣ хотири тамошобинонро болида мегардонанд.

Тибқи барнома, ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва консерти пианинанавози машҳур 7 июл, соати 19:00 ва барномаи консертии Ансамбли давлатии академии рақси халқии «Налмэс» 9 июл, соати 19:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад. Ҳамзамон 7 июл, соати 11:00 ифтитоҳи намоиши Вазорати фарҳанги Федератсияи Русия ва соати 11:30 муколама байни осорхонаҳои Тоҷикистону Русия доир карда мешаванд.

Тибқи барномаи баргузории чорабинӣ, сафари иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия ба шаҳри Хуҷанд 10 июл шуруъ гардида, барномаҳои ҳунарӣ 11 июл дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ баргузор мешаванд.

Бояд гуфт, ки ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи Наврӯз, «Боғи Ирам» ва дигар мавзеъҳои ҷолиби пойтахт ва шаҳри Хуҷанд дидан менамоянд.

Теги