Дар доираи Корвони иттилоотии рӯзноманигорон, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ташкил шудааст, бо ибтикори Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт 22 август дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таҳти унвони «Нақши воситаҳои ахбори омма дар таҳкими Истиқлолият» барои рӯзноманигорони расонаҳои маҳаллию ҷумҳуриявӣ машварати омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд хабар медиҳад.
Машварати мазкур дар доираи сафари кории рӯзноманигорони ВАО-и ҷумҳурӣ ба навоҳии минтақаи Рашт доир шуд. Зимни он устодони соҳаи журналистикаи тоҷик доир ба нақши воситаҳои ахбори омма дар таҳкими Истиқлолият дар партави сиёсати фарҳангии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфтанд.
Доктори илмҳои филологӣ, профессор Мурод Муродӣ иброз намуд, ки «Ҳукумати Тоҷикистон дар баробари соҳаҳои дигар ҳамеша ба рушди матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбор таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд, барои фароҳам овардани шароиту имкони дастрасии иттилооти расмӣ, қавитар намудани ҳамкории шахсони мансабдор бо журналистон ва ба минбари баланди таҷассумгари афкори созанда табдил додани он тадбирҳо меандешад. Фармони №622-и Президенти мамлакат аз 7 феврали соли 2009 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи танқидию таҳлилии воситаҳои ахбори омма»-ро на танҳо ҳамчун санади ҳуқуқӣ, балки чун иродаи сиёсии Сарвари давлат дар самти рушди ВАО ва озодии баён метавон арзёбӣ намуд. Ҳамчунин тибқи Амри Президент дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ соле ду маротиба нишастҳои матбуотӣ бо иштироки васеи журналистону коршиносон баргузор мегарданд. Мақсад аз ташкили мунтазами ин нишастҳо- таъмини дастрасии бештари воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандони мамлакат ба иттилои расмӣ мебошад. Яъне, Сарвари давлат шахсан супориш додаанд, ки мансабдорони сатҳҳои гуногун ба ҷомеа сари вақт ва ба таври расмӣ дар бораи фаъолияти ниҳодҳояшон иттилоъ диҳанд».
Дар ҷамъомад ҳамчунин роҳбарони нашрияҳои «Садои Конибодом», «Насими Терай», «Файзи Пешво», «Истиқлол», «Хатлон», «Оинаи Рашт» ва ҳафтаномаи «Оила» доир ба фаъолияти рӯзномаҳояшон маълумот доданд. Роҳбарони рӯзномаҳои мазкур таҷрибаи фаъолияти якдигарро омӯхта, дар рушди рӯзномаҳои маҳаллӣ истифода менамоянд.