Бузургдошти мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар кумита

Submitted by admin on Mon, 02/10/2023 - 17:48
Tajikistan
123

Дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ширкати олимони шинохта Ҷамолиддин Саидзода, Нозим Нурзода ва шоир, муҳаққиқ Беҳрўзи Забеҳулло, инчунин омўзгорон ва чанде аз муҳассилони Муассисаи давлатии Литсейи рақами 3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, Маркази эҷодии кўдакону наврасон, макотиби таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бахшида ба гиромидошти орифи тавоно, шоир, файласуф ва мутафаккири сатҳи ҷаҳонӣ Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ маҳфили адабии «Хирадмандон» баргузор гардид.

Роҳбари маҳфили «Хирадмандон»-и Кумита Сипеҳр Абуабдулоҳи Ҳасанзод ҳозиронро хайрамақдам гуфта, ҷамъомадро бо як ғазали Мавлоно ҳусни оғоз бахшид.

Сипас, устод Ҷамолиддин Саидзода, номзади илмҳои педагогӣ дар мавзуи «Ҷалолуддин Балхӣ-шоири миллӣ ва байналмилалӣ» суханронӣ намуд.  Мавсуф дар зимни гузориши худ оид ба паҳлуҳои вежаи ашъори рангини бузургвор маълумот дод.  Ҳамчунин пешниҳод намуд, ки минбаъд санаи 30-юми сентябр аз Сайфи Фарғонӣ, ки ў низ ҳамасри Мавлоно ва фарзанди миллати мост, ёд кунем.        

Дар ҷараёни маҳфил овозхонҳои хушсалиқа Бурҳониддин Боронӣ ва Зуҳуршоҳ Сониев барои болидаруҳии хотири ҳозирон бар мабнои ашъори Мавлоно зебо сароида, ҳамагонро тасхир намуданд. Ҳамчунин толибилмони чанде аз макотиби таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Литсейи рақами 3 ва Маркази кўдакону наврасони ноҳияи мазкур аз осори нобиғаи ҷаҳонӣ ғазалхонӣ карданд.

Нозим Нурзода, муҳаққиқ ва олими шинохта, зикр намуд, ки осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар замони имрўзи ҷаҳонишавӣ ва хурўҷӣ терорризму экстремизм яроқи тавоноест барои миллати тоҷик аз ҳифзи аҷнабиён. Инчунин хусусиятҳои гуманизми ашъори Мавлоноро ба далоили мушаххас нишон дод.  

Атрофи мавзуи матраҳ миёни аъзои маҳфил ва муҳаққиқон мубодилаи судманд ҷараён гирифт.

Маҳфили «Хирадмандон» бо навои дилошуби овозхони шинохта Зуҳуршоҳ Сониев бар ғазали «Эй, қавми ба ҳаҷ рафта…»-и Мавлоно Балхӣ ҳусни анҷом пазируфт. 

Теги