Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сафари расмиро ба Русия дар тавсеаи минбаъдаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ қадами муҳим номиданд.
«Мо ин сафарро ҳамчун қадами муҳим дар роҳи тавсеаи минбаъдаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии давлатҳоямон мешуморем», — иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз мулоқоту музокирот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуданд, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Русия имрӯз дар тамоми соҳаҳои манфиатҳои тарафайн дорои ҷараёни устувор мебошад.
Тазаккур дода шуд, ки зимни музокирот масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ва мушкилоти кунунии минтақавию байналмилалӣ, ки мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошанд, баррасӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21-22 ноябр бо сафари расмӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия қарор доранд.
Дар доираи сафар 8 санади нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Русия ба имзо расонида шуд.