НАҚШИ ИЛМУ ФАРҲАНГ ДАР СИЁСАТИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои академик Кароматулло Олимов дар ин мавзуъ

Submitted by admin on Sun, 21/01/2024 - 14:45
Tajikistan
123

Дар ҳамаи давраҳои таърихӣ илму маориф барои пешрафти ҷомеаи инсонӣ нақши басе бузург дошт ва имрӯз низ нақши он аз ҳар вақти дигар бештар шудааст. Истифодаи дастовардҳои илмӣ барои тафаккури таҳлилӣ ва эҷодкоронаи элитаи сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангии ҷомеа амри зарурӣ будааст.

 

Дар шароити буҳронии давлат ва ҷомеа нақши элитаи сиёсӣ боло меравад ва аз пухтагии афкору амали он, дар назар гирифтани манфиатҳои умумимиллӣ ҳангоми ба қарори қатъӣ омадан ва ба зиммаи лидери сиёсӣ вогузор намудани муайянсозии роҳҳои ҳалли бартараф намудани мушкилиҳо вобаста мебошад.

 

Дар Тоҷикистон дар оғози давлатсозии навин дар шароити соҳибистиқлолӣ як қисми элитаи сиёсӣ ва илмию фарҳангӣ манфиатҳои умумимиллиро зуд дарк намуда натавонист, шахсияте, ки ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ва гурӯҳҳои сиёсии гуногун ӯро эътироф намоянд ва ба лидери умумимиллӣ табдил ёбад, дар ибтидо ба вуҷуд наомад.

 

Интихоб шудани вакили мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ тасодуфӣ набуд, зеро шахси принсипнок, ҷасур, ҳақиқатгӯ ва дар мавқеъ устувор будани ӯ имкон дод, ки аз ҳамон лаҳзаҳои аввалини ба вазифа интихоб шуданашон масъулияти бузург ва душвортарини таърихиро ба уҳда гирифта, ба фаъолият оғоз намоянд.

 

Аз ҳамон рӯзҳо Сарвари давлат ба масъалаи тарбияи ҳисси ифтихор аз давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамуданд ва онро ҷузъи сиёсати давлатӣ қарор доданд, ба ташаккули элитаи сиёсии нав аҳамияти махсус доданд, ки дар муддати беш аз сӣ сол ин сиёсат натиҷаҳои самарабахш дод ва он тамоми ҷиҳатҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро фарогир шуд.

 

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо талошу кӯшишҳои хастагинопазирона, бидуни ҳарос аз таҳдидҳои ҷисмонию маънавӣ, барои барқарории сулҳ ва ваҳдати миллӣ мубориза бурданд, ба боварии мардуми Тоҷикистон, давлатҳои кафили сулҳ ва созмонҳои байналмилалӣ сазовор гардиданд. Барои расидан ба ҳадафҳои аввалиндараҷаи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Сарвари давлат ба ҷомеа, аз ҷумла ба аҳли илм такя намуда, онҳоро барои иҷрои ҳадафҳои бузург ҷалб намуданд.

 

Се ҳадафи стратегии дар аввал эълон намудаи Президент барои ҳалли душвортарин проблемаҳои ҳаёти халқамон, аз ҷумла ваҳдати миллӣ нақши асосӣ бозид. Аз бунбасти коммуникатсионии дохилӣ баромадани Тоҷикистон барои ба вуҷуд омадани бозори ягонаи умумимиллӣ ва робитаи доимии минтақаҳои ҷумҳурӣ-вилояти Суғд бо марказ, ҷануб ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҷараёни ташаккули ваҳдати миллӣ ва таҳкими истиқлоли давлатӣ мусоидат намуд. Ҳадафи чаҳорум дар бораи саноатисозии мамлакат низ аз иқдоми бузург аст, ки барои таҳкими асосҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ ва иҷтимоӣ нақши таъйинкунанда дорад.

 

Эмомалӣ Раҳмон барои ба низоми нави иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, мутобиқ ба тақозои замон ва таҷрибаи мамлакатҳои пешрафта ворид намудани ҷумҳурӣ як силсила ислоҳоти бузург гузарониданд, ки дар натиҷа Тоҷикистон аз вартаи варшикастагии иқтисодӣ баромад. Гувоҳи ин аз 80% ба 26% паст шудани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Дар айни замон дар натиҷаи сиёсати дурандешонаи Президент маблағгузориҳои соҳаҳои буҷетӣ сол то сол ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфта, сатҳи зиндагии кормандони соҳаҳои илм, маориф, тандурустӣ, нафақа нисбат ба солҳои гузашта баланд гардид.

 

Бояд ёдовар шуд, ки маҳз дар даврони истиқлол бештар аз ҳазор мактаби замонавӣ сохта, ба истифода дода шуд, муассисаҳои тандурустӣ низ соҳиби биноҳои нав ва таҷҳизоти ҳозиразамон гардиданд. Дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ ва хориҷи мамлакат аз ҳисоби давлат тайёр намудани мутахассисони ҷавон дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ташкил шуд.

 

Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари масъалаҳои дигари муҳим барои ғамхорӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва ғамхорӣ ба онҳо ба таври ҷиддӣ сухан ронда, аъзои ҳукумат ва ҳамаи шахсони расмиро вазифадор намуданд, ки ба масъалаи онҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ дошта бошанд.

 

Президенти Тоҷикистон барои эҳёи анъанаҳои беҳтарини аҷдодӣ ва боло бурдани ҳисси ифтихори миллӣ ҳамеша саъю талош меварзанд. Инро мо дар мисоли эҳёи ҷашни Наврӯз, Меҳргон, Сада ва ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфтани Наврӯз мебинем. Президент бар хилофи онон, ки Наврӯзро як оини зиддиисломӣ қаламдод намуда, хориҷ намудани онро аз зеҳни мардум таблиғ менамуданд, исбот намуданд, ки он ҳеҷ тазоде бо ислом надорад ва аз ҷумлаи ифтихороти миллӣ ва дастоварди муҳими таърихи тамаддуни қадимаи тоҷикон ва халқҳои эронӣ мебошад, ки ба ин васила ба фарҳанги халқҳои дигар таъсири файзбахш намудааст.

 

Вақте сухан аз омилҳои асосии рушди фарҳанг меравад, суханони арзишманди файласуфи машҳури Фаронса Ренэ Декарт ба ёд меояд, ки яке аз роҳҳои асосии ба фазилатҳои инсонӣ расиданро дар хондани китоб медид. Ӯ мазмуни суханҳои ҳикматомӯзи Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ-«Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст, фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро хеле баъдтар дар ин шакл гуфта буд: «Хондани китобҳои хуб ин суҳбат бо одамони беҳтарини айёми гузашта мебошад ва ин суҳбат чунин аст, ки онҳо танҳо афкори беҳтаринашонро ба мо медиҳанд». Дар ҳақиқат, таърихи миллатҳои пешрафтаи ҷаҳон ба таври бечунучаро собит намудааст, ки сабаби дастовардҳои онҳо пешгомӣ дар илму маърифат будааст, ки он фақат аз тариқи мутолиа ва таҳқиқ ба даст меояд.

 

Имрӯз аз ҳар вақти дигар дида, дар арсаи сиёсатҳои ҷаҳонӣ тааррузи фарҳангӣ василаи ҳукмронии неруҳои абарқудрат гардидааст, вале муқовимат алайҳи ин таарруз низ шиддат ёфтааст. Бинобар ин ҳифзи асолати фарҳангӣ унсури муҳими бақои ваҳдати ҳар миллат буда, дар сурати надоштани тавоноии ҳифзи асолати миллӣ дар фарҳангҳои дигар ғарқ ё худ ба истилоҳ ҳазм шудан имконпазир мегардад. Бинобар ин фарҳанг ва ваҳдати миллӣ робитаи назарраси диалектикӣ доранд. Дар ин раванд нақши аҳли илм хеле муҳим аст, зеро ба воситаи татбиқи дастовардҳои илмӣ пешрафти босуръати иқтисодӣ ва иҷтимоиро таъмин намудан имконпазир мегардад. Аз ин ҷиҳат таваҷҷуҳ ва ғамхории Сарвари давлат ба илм, махсусан илми академӣ, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ зиёд шудааст.

 

Дар назди аҳли илм вазифаҳои муҳим қарор доранд, ки дар иҷрои онҳо нақши олимонро аз ҳарвақта бештар намудааст. Бинобар ин зиёд намудани маоши олимон ва такмили асосҳои таҳқиқоти илмӣ, таҷҳизоти муассисаҳои таҳқиқотии илмӣ, бахусус дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва техникӣ дар солҳои оянда натиҷаҳои хуб ба бор меоварад.

 

Дар соҳаи илмҳои ҷомеашиносӣ таҳқиқоти хуб гузаронида шудаанд. Вале ба сабаби мураккаб шудани авзои ҷаҳонӣ ба воситаи таҳқиқоти ҷиддии илмӣ таҳлили равандҳои муосир ва нишон додани роҳҳои пешгирии ҷомеа ва афроди осебпазири он аз таъсири қувваҳои дасисабоз кори хеле зарурӣ аст. Аз ин ҷиҳат мавқеи солими аҳли илм ва таҳқиқоти ҷавобгӯи тақозои замон дар сиёсати давлатӣ оид ба илм мақоми равшан дорад.

 

Дар илми фарҳангшиносии муосир ду ақидаи умда дар бораи муносибатҳои фарҳангҳо вуҷуд дорад: яке ин аст, ки гуногунрангии фарҳангҳо пешоҳангӣ ва асосӣ будани фарҳангҳои давлатҳои қудратмандро истисно намесозад. Масалан, баъзеҳо фарҳанги аврупоӣ, пеш аз ҳама, фарҳанги Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Британияи Кабир ва Канадаро бар фарҳангҳои халқҳои дигар муқаддам ва пешрафта медонанд ва фарҳангҳои халқҳои дигарро дуввумдараҷа ё дақиқтар гӯем, патриархалию пасмонда ҳисоб менамоянд. Вале ангеза бар муқобили ин фаҳмиш ақидаи баробарии фарҳангҳоро ба миён овардааст. Тарафдорони ин фикр исбот менамоянд, ки фарҳанги умумиҷаҳонӣ танҳо аз фарҳангҳои давлатҳои мутараққии муосир иборат набуда, балки маҷмуи фарҳангҳои миллии тамаддуни инсонӣ мебошад. Ин фикр тарафдорони бештар пайдо кардааст. Дар Аврупо низ тафовути ду фарҳангро аз лиҳози моҳияти он ташхис менамоянд. Фарҳангҳои Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Англия ва Канада бар пояи фардиятгароӣ ё индувидуализм, ки бартарияти шахсро бар ҷомеа, коллектив эътироф доранд, асос ёфтааст. Фарҳанги дигарро, ки моҳиятан ба фарҳанги ёдшуда муқобил қарор дорад, мутааллиқ ба мамлакатҳои Скандинавӣ-Шветсия, Норвегия ва аз Шарқ Ҷопон медонанд. Фарҳанги ин мамлакатҳо бартарияти дастҷамъӣ ё коллективӣ дошта, ҷомеа бар шахс муқаддам дониста мешавад. Бинобар ин дар ин давлатҳо ваҳдати ҷомеа устувор буда, боиси пешрафтҳои ҷиддии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ шудааст.

 

Агар ба ин тасниф фарҳанги миллии тоҷиконро мутобиқ намоем, пас метавон гуфт, ки асолати фарҳангии халқи тоҷик хусусияти ҳамгироӣ дошта, хилофи индувидуализм ва эгоизми худписандонаи фарҳангҳои ба зӯроварӣ асосёфта мебошад. Таҳқиқоти илмҳои ҷомеашиносӣ нишон медиҳад, ки асли фарҳанги тоҷикиро хислати таҳаммул, дӯстӣ, азхудгузарӣ барои ҳамнавъон ва инсондӯстӣ ташкил медиҳад. Тамоми осори назмию насрии гузаштаи мо шуруъ аз Авасто то асарҳои устод Айнӣ ва устод Турсунзода бар ҳамин пояи ахлоқӣ қарор гирифтаанд. Фарҳанги тоҷик, ба гуфтаи устод Айнӣ, ба воситаи зӯроварӣ ва шамшер худро вусъат набахшидааст, балки ба воситаи қудрати сеҳрофарин ва муъҷизаосои сухан қаламрави бузургро фатҳ намудааст.

 

Дар асарҳо ва фаъолияти амалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамин ҷиҳати муҳими илм ва фарҳанги миллати тоҷик, ки инсондӯстӣ, ёрии ҳамдигарӣ, накӯкорӣ, ҳамдардию ҳамтақдир будан аз хусусияти муҳими он аст, таъкид шудааст. Дар асарҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шудааст, ки миллати тоҷик ҳамеша соҳиби китоб будааст ва фарҳанги он аз давраҳои қадим ба хат ва китоб пайванди ногусастанӣ доштааст. Яке аз сабабҳои асосии боқӣ мондани миллати тоҷик ҳамин забон будааст, ки дар қаламрави бузурге доман паҳн намуда буд. Осори безаволи илмӣ ва бадеии тоҷикон, аз ҷумла устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Абӯалӣ ибни Сино, бесабаб нест, ки яке аз ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти мамлакат дар солҳои охир дар бораи баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад, ки он маҳз ба бедор намудани шавқи кӯдакон ва ҷавонон ба мутолиаи осори беҳтарини адабии халқи тоҷик ва адабиёти ҷаҳонӣ равона гардидааст ва мақсади он босаводии саросарӣ, касби донишҳои нав аз роҳи мутолиаи осори назмию насрӣ ва шифоҳии мардум мебошад.

 

Бинобар ин яке аз мақсадҳои Президенти Тоҷикистон тарбияи насли солим ва босавод, эҷодкор ва дорои фарҳанги ғанӣ мебошад, зеро ки тарбияи насли бомаърифату бофарҳанг ояндаи неки миллатро кафолат медиҳад. Ва мақсади мутафаккирони бузург низ ҳамин будааст, ки фарзандҳои миллаташонро барои ояндаи давлаташон тарбия намоянд. Файласуфи немис Иммануил Кант гуфтааст: «Кӯдакон на барои имрӯз, балки барои ояндае, ки шояд ҳолати беҳтарини навъи инсонӣ бошад, бояд тарбия шаванд».

 

Мо вақте таърихи давраи соҳибистиқлолии давлатамонро варақ мезанем, дар ҳар саҳифаи он нақши муассир ва ташаббусҳои бузурги Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба назар ҷилвагар мешаванд, то ки мардум дорои сатҳу сифати баланди зиндагӣ ва ҳаёти шоиста дошта бошанд, наслҳои ояндаи ҷумҳурӣ дар шароити оромию осудагӣ хушбахтона умр ба сар баранд. Ин танҳо дар фазои ваҳдати ҷомеа ва сулҳу субот имконпазир мебошад. Вазифаи бомасъулияти сарварони давлатҳо аст, ки аз ҳалли дурандешона ва оқилонаи он зиндагии саодатмандонаи наслҳои оянда вобаста будааст.

 

Шиори Президенти мо «Фарҳанг ҳастии миллат аст», ки аз чанд ҷиҳат маънои муҳим дорад: аввалан, бе фарҳанги моддӣ ва маънавӣ ҳеҷ миллат вуҷуди воқеӣ надорад; дуввум, вуҷуди ҳар миллате дар фарҳанги ӯ зуҳур меёбад ва маҳз дастовардҳои фарҳангии он, эҷодкориҳои нобиғаҳояш мақомашро дар таърихи ҷаҳонӣ муайян месозанд ва хусусияти ваҳдатофаринӣ касб менамоянд. Илм низ ҷузъи муҳимтарин ва махсуси фарҳанг аст. Он на танҳо маҳсули эҷодкории инсон, балки василаи дигаргунсозандаи ҳаёти моддӣ ва маънавии ҷомеа мебошад. Бинобар ин Карл Маркс гуфта буд, ки ба тадриҷ илм ба қувваи бевоситаи истеҳсолкунанда табдил меёбад.

 

Вазифаи муҳимтарини ҷомеаи мо, аз ҷумла аҳли илм, ба таъкиди Президенти ҷумҳурӣ, иборат аз он аст, ки вазъи ҷаҳон ва пайомадҳои ногувори он ва таъсири онро ба давлат ва ҷомеа муайян намуда, тавсияҳои илман санҷидашуда пешниҳод шаванд, то ки ба назар гирифтани онҳо барои таҳкими ваҳдат ва давлат мусоидат намоянд. Яке аз масъалаҳои муҳим барои аз идеологияҳои бегона ҳифз намудани мардум ҷустуҷӯи роҳхои муассири пешгирии аз ҷумҳурӣ ба хориҷ рафтани мутахассисони ботаҷриба мебошад.

 

Маълум аст, ки барои тарбияи як муаллими баландихтисос, духтури босаводи соҳибтаҷриба, инженери кордон ё як нафар корманди ботаҷрибаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар муддати бист-биступанҷ сол чӣ қадар маблағи давлат ва неруи зеҳнии ҷомеа сарф мешавад. Дигар ин ки дар шароити муосир як андоза, албатта ба ҳадди маъқул, бо назардошти шароити мушаххаси ҷумҳурӣ истифода бурдани таҷрибаи хоҷагидории нақшавӣ низ шояд беманфиат набошад. Низоми тестӣ ва раванди Болонии таълим, ки боиси баланд шудани сатҳи дониши хонандагон гардад, низ назарсанҷиро тақозо дорад. Албатта, барои дуруст муайян намудани вазъи равандҳои таълиму тарбия гузаронидани таҳқиқоти дақиқ ва илмии сотсиологӣ зарур аст, то ки хулосаҳо ва тавсияҳои холисона пешниҳод шаванд.

 

Масъалаи ташаккули шуури таърихӣ ва худшиносии миллӣ ҳамчун ҷузъи муҳими сиёсати фарҳангӣ ҷиҳати боло бурдани масъулияти шаҳрвандон барои таҳкими давлати миллӣ ва ғуруру ифтихор аз соҳибистиқлолии давлатӣ кори мавсимӣ намебошад. Яке аз масъалаҳои ҷиддии ҳифзсозандаи бақои миллат- ин забони ӯст. Бинобар ин Пешвои миллат бо масъулиятшиносии бузург Истиқлоли давлатиро бо ҳифзи асолати забони тоҷикӣ, адабиёту фарҳанги миллӣ тавъам донистаанд ва дар ин ҷиҳат ҳам аз роҳи ташаббуси қонунгузорӣ ва ҳам аз тариқи суханрониҳову асарҳо ва суҳбатҳо барои истифодаи васеъ ва ҳамаҷонибаи он дастуру супоришҳои мушаххас додаанд.

 

Ташаккули шуури солими миллӣ ба омилҳои зиёд вобаста аст ва забони ноби тоҷикӣ дар ин росто мақоми бориз доштааст. Ин масъала низ барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи асолати он зарур аст.

 

Аксари аъзои пайваста ва вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, забоншиносон, файласуфон ва фарҳангшиносони варзидаи тоҷик дар ин масъала таҳқиқоти ҷолиб анҷом додаанд. Аз ҷумла, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саймумин Ятимов роҷеъ ба ин масъала комилан дуруст гуфтааст, ки «адабиёти тоҷик бо тамоми неру барои пойдорӣ ва бардавомии ин давлат кӯшишҳои бесобиқа намуд. Ба арсаи майдони адабӣ Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Шаҳиди Балхӣ, Дақиқӣ, Абӯшакури Балхӣ, Хусравонӣ, Абулмуайяди Балхӣ, Кисоии Марвазӣ, Робиаи Балхӣ ва даҳҳо дигарон ворид гаштанд. Хизмати бузурги ин нобиғагон иборат аз он буд, ки ҳарчи зудтар забони ноби тоҷикиро бо тамоми имконоте, ки давоми асрҳо захира намуда буд, барқарор созанд. Ба он қудрат бахшанд. Онро аз истилоҳоти бегона пок намоянд. Қудрати суханеро, ки миллатро ба Истиқлолият, давлатдории мустақил расонид, дар намоиш гузоранд». (Ятимов Саймумин. Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ //Саймумин Ятимов. Асарҳо.ҷилди 6. саҳ. 48).

 

Ин масъала рушди донишу маърифатро тақозо менамояд ва махсусан ҷавонону наврасон, ки ояндаи давлату ҷумҳурӣ ба онҳо тааллуқ дорад, ба таълиму тарбияи солим ва ташаккули ҷаҳонбинии илмии созанда ниёз доранд, чунки маҳз рушди маърифати илмӣ ба ваҳдат ва ҳисси ифтихори солими миллӣ мусоидат менамояд.

 

Таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ раванди доимӣ мебошад. Бинобар ин Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба он аҳамият медиҳанд ва мо вазифадор ҳастем, ки барои бақои миллат ва истиқлоли давлати худ дастурҳои Сарвари давлатамонро ҳамеша дар маркази фаъолият қарор диҳем.

 

Кароматулло ОЛИМОВ,

академик

Теги