Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор намудани Рӯзи Дави миллӣ, ки ҳамасола рӯзи якшанбеи сеюми моҳи май дар саросари кишвар доир мегардад, кормандони ҶСК «Телерадиоком» дар чорабинии оммавии варзишии Дави миллӣ фаъолона иштирок намуданд. Чорабинии мазкур бо иштироки намояндагони касбу кори гуногун, ҷавонон, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва дӯстдорони варзиш баргузор гардида, ҳадафи асосии он тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди фарҳанги ҷисмонӣ ва таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ байни шаҳрвандон мебошад. Кормандони ҷамъият бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ҳисси масъулият дар ин ҳамоиши варзишӣ иштирок намуда, ҷонибдории худро аз сиёсати давлат дар самти рушди варзиш ва солимии ҷомеа баён карданд. Иштирок дар чунин чорабиниҳои оммавӣ барои баланд бардоштани рӯҳияи солим, таҳкими ҳамбастагии коллектив ва ҷалби бештари аҳолӣ ба варзиш мусоидат менамояд.


