ДУШАНБЕ, 17.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ намудаанд, имзо гузоштанд.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта», тағйирот ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Қонунҳои баимзорасида барои пешгирӣ ва табобати бемории диабети қанд, таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта, азхуд кардани касбҳои коргарӣ, таҳкими заминаҳои ҳуқуқии рушди устувору босуръати иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона шудаанд.