Душанбе, 24 октябри соли 2026
Санаи 24 октябри соли 2026 кормандони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Телерадиоком» дар машқи пагоҳирӯзӣ, ки дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд.
Чорабинии мазкур ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими саломатӣ ва баланд бардоштани фаъолнокии ҷисмонии шаҳрвандон равона гардида буд. Иштирокчиён бо иҷрои машқҳои гуногуни ҷисмонӣ рӯзи худро бо неруи тоза ва рӯҳияи болида оғоз намуданд.
Варзиш яке аз омилҳои муҳими ҳифзи саломатӣ, баланд бардоштани қобилияти корӣ ва пешгирии бемориҳо ба шумор рафта, дар ташаккули тарзи ҳаёти солим нақши муҳим дорад. Машғул шудан ба машқҳои ҷисмонӣ инчунин ба таҳкими ирода, баланд бардоштани рӯҳияи инсон ва ташаккули одатҳои муфиди рӯзмарра мусоидат менамояд.
Иштирок дар чунин чорабиниҳои оммавии варзишӣ ҳамзамон барои таҳкими муносибатҳои дӯстона, ҳамдигарфаҳмӣ ва рӯҳияи дастаҷамъона миёни кормандон замина фароҳам меорад.
Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Телерадиоком» рушди фарҳанги ҷисмонӣ, тарғиби варзиш ва ҳифзи саломатии кормандонро муҳим арзёбӣ намуда, иштироки онҳоро дар чорабиниҳои варзишию солимгардонӣ дастгирӣ менамояд.



