Ихтироъкорони тоҷик дар Намоишгоҳи 14-уми байналмилалии ихтироъкорӣ дар Ховари Миёна дар Кувайт иштирок доранд

Submitted by admin on Tue, 06/02/2024 - 13:48
Tajikistan
123

Аз 4 то 7 феврал дар Давлати Кувайт таҳти унвони «Онҷое, ки сармоягузорон бо ихтироъкорон бо ҳам дидор менамоянд» Намоишгоҳи 14-уми байналмилалии ихтироъкорӣ дар Ховари Миёна мегузарад, ки дар он ихтироъкорону олимони тоҷик низ иштирок доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 

Дар намоишгоҳи сатҳи баланд дар қатори 33 давлати хориҷӣ 10 олиму профессор ва ихтироъкори ҷавон аз донишгоҳҳо ва мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ихтирооташонро ба маърази тамошо гузоштаанд.

 

5 феврал маросими ифтитоҳи расмии намоишгоҳ бо иштироки вазири таҳсилоти олӣ ва пажуҳиши илмии Давлати Кувайт доктор Одил ал-Удвонӣ, намояндагони марказҳои илмӣ-таҳқиқотии Кувайт ва аъзои корпуси дипломатии муқими кишвари иқомат бо ҳузури васеи намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кувайтӣ баргузор шуд.

 

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти иштирокчиён вазири таҳсилоти олӣ ва пажуҳиши илмии Давлати Кувайт доктор Одил ал-Удвонӣ павилиони Тоҷикистонро тамошо намуда, ба навовариҳои илмии ихтироъкорони тоҷик баҳои баланд дод.

 

Бояд тазаккур дод, ки фаъолияти намоишгоҳ то 7 феврал идома ёфта, дар интиҳо иштирокчиёнро ҷоизаҳо интизор мебошанд.

Теги