7-уми феврали соли 2024 раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин бо директори иҷроияи ширкати “Ал-Майсан”-и Амороти Муттаҳидаи Араб Ҷон Намур мулоқот намуд.
Дар рафти мулоқот масъалаҳо вобаста ба вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “Ал-Майсан”-и Амороти Муттаҳидаи Араб дар самти таъмини пахши моҳворавии барномаҳои телевизионҳои давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Нуриддин Саид аз ҳолати кунунии ҳамкориҳои ҷонибҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии кумитаро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани муносибатҳои мутақобилан судманд изҳор дошт.
Дар идомаи вохўрӣ ҷонибҳо вобаста ба таъсиси шабакаҳои телевизионии нав ва ба пахши рақамии дақиқияташ баланди HD гузаронидани Идораи телевизиони «Бадахшон» ибрози андеша намуданд.
Котиби матбуотии кумита
Зафар Қаюмзода