Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳам Алиев барқияи табрикӣ ирсол намуданд

Submitted by admin on Thu, 08/02/2024 - 10:42
Tajikistan
123

8 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳам Алиев барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

 

«Муҳтарам Илҳам Ҳейдарович,

 

Шуморо дар робита ба пирӯзии эътимодбахшатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон сидқан табрик мегӯям. Лутфан, таманниёти беҳтарини маро ба ин муносибат қабул фармоед.

 

Интихоби дигарбораи Шумо ба ин маснади олии давлатии Озарбойҷони бародар боз як далели равшани боварии баланди ҷомеаи Озарбойҷон ба Шумо ва дастгирии васеи он аз роҳи стратегии Шумо мебошад, ки ба рушди пайвастаи иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва ҳамзамон таҳкими нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ нигаронида шудааст.

 

Зимни таъкиди саҳми назарраси шахсии Шумо дар таҳкиму таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Озарбойҷон, алоқамандии ҷониби моро ба рушди ҳамаҷонибаи минбаъдаи онҳо изҳор менамоям.

 

Итминон дорам, ки мо дар оянда низ дар баробари пешбурди муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар ҷиҳати ғанӣ гардонидани онҳо бо мазмуну муҳтавои нави амалӣ ба нафъи мардумонамон саъю кушишҳои муштарак анҷом хоҳем дод.

 

Ба Шумо, Илҳам Ҳейдаровичи гиромӣ, сиҳатии бардавом ва дар татбиқи тамоми нақшаҳоятон комёбиҳои нави бузург, ба мардуми бародари Озарбойҷон сулҳу некуаҳволӣ ва шукуфоии пойдор орзумандам».

 

 

Теги