ПАЁМИ САФОБАХШ ВА РОҲНАМОИ ФАЪОЛИЯТ. Андешаҳои Сардори Хадамоти иҷрои Тоҷикистон Барно Саидвализода

Submitted by admin on Thu, 08/02/2024 - 10:44
Tajikistan
234

 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» фарогири натиҷагирии соли 2023, барномарезии соли 2024 ва саршор аз нукоте буд хушоянд ва сафобахшу ба оянда дилгармкунанда. Чунин ибрози назар намудааст Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори милитсия Барно Саидвализода. 

 

— Президенти Тоҷикистон бо назардошти дастовардҳои муяссаргардида соли 2023-ро барои халқу давлати мо соли бобарор баҳогузорӣ намуданд. Воқеан ҳам, дар ҷаҳони муосир, ки вазъ ба таври бесобиқа мураккабу печида мегардад, ҳифзи оромишу субот ва дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа даст ёфтан ба пешравиҳою дастовардҳо барору муваффақият аст. Нисбат ба соли 2022 8,3 зиёд гардидани Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонидани он, дар ҳафт соли охир 3,3 баробар зиёд гардидани даромади пулии аҳолӣ, музди миёнаи меҳнат- 2 баробар, андозаи нафақаи ниҳоӣ- 1,9 баробар аз шумори ин дастовардҳо аст.

 

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба он ишора шуд, ки дар 3 соли минбаъда низ ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ афзоиш ёфта, ба ин самт 61 миллиард сомонӣ равона мешавад. Барои тақвият додани раванди болоравии сатҳи некуаҳволии сокинони ҷумҳурӣ Президенти мамлакат супориш доданд, ки аз 1 июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ — иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилоти соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 40 фоиз ва аз 1 январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда шавад. Ҳамчунин аз 1 июли соли 2024 ҳадди ақалли музди меҳнат дар тамоми соҳаҳо 800 сомонӣ муқаррар гардид.

 

Иброз гардид, ки сатҳи зиндагии мардуми ҷумҳурӣ сол то сол беҳтар мегардад. Нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 дар соли 2023 то 62 фоиз паст гардид. Президенти мамлакат ҷиҳати идомаи ин раванд ба Ҳукумати Тоҷикистон супориш доданд, ки давоми 7 соли оянда барои то ба 10 фоиз паст намудани сатҳи камбизоатӣ тадбирҳои мушаххасро дар амал татбиқ намояд.

 

Бо рӯйи кор омадани технологияи нав ва мавриди корбурд қарор додани онҳо дар фаъолияти ҳамаи соҳаҳо дигаргуниҳои назаррас ба миён омаданд. Хосса дар муносибатҳои иқтисодию молиявӣ ва низоми бонкӣ истифодаи технологияи муосир ба осон гардидани кор ва беҳтар шудани сифати хизматрасонӣ замина гузошта, сабаби арзи вуҷуд намудани низоми ҳисоббаробаркуниҳо бо тарзи нав гардид, ки пардохти ғайринақдӣ аз ин шумор аст. Вобаста ба ин, Президенти ҷумҳурӣ ба вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва дигар вазорату идораҳо супориш доданд, ки дар ду соли охир дар тамоми соҳаҳо пардохти ғайринақдӣ ҷорӣ намоянд. Ин раванд ҷиҳати таъмини шаффофият нақши бориз мебозад.

 

Дар баробари бахши давлатӣ иҷозат ёфтани фаъолияти соҳибкорӣ ва таъсиси коргоҳҳои хусусӣ ба рушди босуръати иқтисоди мамлакат заминаи мусоид фароҳам овард. Дар ин росто садҳо коргоҳҳо бунёд ёфта, фаъолият намуданд. Ба ин васила агар аз як тараф сатҳи бекорӣ кам гашта бошад, аз тарафи дигар, иқтисоди хонаводагии аҳолӣ рӯ ба беҳбуд ниҳод. Соҳибкорони ватанӣ дар самти бунёдкорию созандагӣ ва эҳсонкорӣ саҳми назаррас доранд. Аз ин ҷост, ки Президенти ҷумҳурӣ бо таваҷҷуҳ ба боз ҳам рушду густариш додани фаъолияти соҳибкорӣ, бо ин мақсад шароити мусоид фароҳам овардан ишора намуда, аз нақши боризи соҳибкорон ва сармоягузорон дар ободонии Ватан ёд оварда, миннатдории самимиашонро ба онҳо изҳор доштанд.

 

Саноатикунонии мамлакат аз масъалаҳои дигаре буд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ иброз гардид. Мусаллам аст, ки аз тарафи давлату ҳукумат нақшаҳои ҷолиб тарҳрезӣ гардидаву зина ба зина татбиқ мешаванд. Маҳз дидани тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ дар ин самт сабаб гардид, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакати азизи мо 3 ҳазор корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шуд. Ин нишондиҳанда дар 75 соли қабл (то соли 1991) ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи кориро ташкил медод. Имрӯз бо маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаҳои саноатӣ на танҳо талаботи истеъмолкунандаи дохилӣ бароварда мешавад, балки ба хориҷ низ содирот гардида, ин раванд сол ба сол тавсеа меёбад. Ин дастоварде аст, ки танҳо дар 23 соли охир муяссар гардидааст ва барои мамлакате, ки нооромиҳои дохилиро паси сар намудааст, натиҷаи бениҳоят хуб аст.

 

Мураккабшавии вазъи ҷаҳон, афзалиятхоҳии абарқудратҳо ва ба болои ин тағйирёбии босуръати иқлим, ки хисороти азим дар пай доштаву аз доираи таъсири он ҷумҳурии мо истисно нест, масъалаи дигаре буд, ки Президенти ҷумҳурӣ ба он ишора намуда, барои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ, коҳиш додани сатҳи ҳисорот супориш доданд, ки «бо истифода аз натиҷаҳои бадастомадаи муҳандисиву геологӣ ва бо нишон додани минтақаҳое, ки зери таъсири омилҳои хатарноки табиӣ қарор доранд, Атласи равандҳои экзогениву геологии ҷумҳурӣ таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод шавад».

 

Президенти мамлакат ёдовар шуданд, ки соҳаи энерегетикаи ҷумҳурӣ сол то сол рушд меёбад ва маҳз ҳамин омил ҷиҳати саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Пӯшида нест, ки бо пошхӯрии давлати шуравӣ ва аз ҳам рехтани низомҳои солҳо пойдор, аз ҷумла низоми ягонаи энергетикӣ халал ёфт ва боиси арзи вуҷуд намудани мушкилоти дигар гардид. Хотима ёфтани муҳлати истифодаи таҷҳизоти неругоҳҳои барқи обӣ яке аз ин мушкилот буд, ки ҷиҳати рафъи ҳарчи зудтари он дидани тадбирҳои саривақтӣ тақозо мешуд. Сарвари давлат иброз намуданд, ки «танҳо барои навсозии неругоҳҳои барқи обии амалкунанда беш аз 11,3 миллиард сомонӣ равона гардида, Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» пурра таҷдид ва иқтидори он 30 мегаватт зиёд шуд. Инчунин таҷдиди неругоҳҳои «Норак» ва «Қайроқум» бомаром идома дошта, баъди ба анҷом расидани корҳо иқтидори онҳо дар маҷмуъ 324 мегаватт афзоиш меёбад». Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои фаъол нигоҳ доштани соҳаи энергетика ва таҷдиду навсозии он 85,7 миллиард сомонӣ равона шудааст.

 

Мо хуб медонем, ки агарчи ибтидои даврони соҳибистиқлолӣ барои мамлакати мо давраи пур аз мушкилот буд ва татбиқи ҳама гуна нақшаи дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ба назар ғайримумкин менамуд, вале бо ташаббус ва иқдоми созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамеша ба оянда некбин ҳастанду мардуми ҷумҳуриро ба корҳои созандагӣ талқин менамоянд, ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки ҷиҳати раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ тадбирҳои ҷиддӣ андешида, марҳила ба марҳила онҳоро дар амал татбиқ намояд. Маҳз аз баракати хиради волои Президенти ҷумҳурӣ буд, ки роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва фаротар аз он байналмилалӣ бозсозию навсозӣ гардида, равобити ҳамафаслии минтақаҳо ба пойтахт ва байни якдигар таъмин гардид. Бо ишора ба ҳамин дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ иброз гардид, ки «дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ 58 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан, бунёди инфрасохтори онҳо ва таҳким бахшидани иқтидори техникии соҳа ба маблағи 26,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло корҳо дар ин самт бомаром идома доранд».

 

Бисёр хушоянд аст, ки дар ояндаи наздик дар самти роҳсозӣ иқдоми бисёр наҷиб дар амал татбиқ мешаванд, ки барои пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва боз ҳам беҳтар гардидани сифати зиндагии мардуми шарифамон мусоидат менамоянд. Дар ояндаи наздик барои ташаккули долонҳои иқтисодӣ якчанд лоиҳаҳои марбута дар мисоли бунёду таҷдиди роҳҳои Рӯшон – Шуғнон (235 километр) то гузаргоҳи Қулма – Қарасу (300 километр), Бохтар – Ҷалолиддини Балхӣ – Қубодиён – Шаҳритус – Айвоҷ – сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон (170 километр), Хуҷанд – Конибодом (57 километр), Хуҷанд – Ашт (122 километр) ва Балҷувон – Сари Хосор (58 километр) татбиқ мегарданд.

 

Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мавзуи дигаре буд, ки Президенти ҷумҳурӣ ба он дахл намуданд. Агар рушди сайёҳӣ боиси тақвият ва ғанӣ гардидани иқтисоди мамлакат гардад, муҳайё намудани шароити мусоид ҷиҳати эҳё ва рушду густариши ҳунарҳои мардумӣ пояҳои фарҳанги миллии моро устувор мегардонад. Аз соли 2018 то соли 2023 дар ҷумҳурии азизамон 1450 иншооти сайёҳӣ бунёд гардида, соли 2023 шумораи сайёҳон ба як миллиону дусад ҳазор нафар расидааст. Бо баракати сулҳу суботи пойдор ва анҷоми корҳои бунёдкориву созандагӣ метавон умед намуд, ки ин нишондод солҳои оянда ба маротиб афзоиш меёбад. Президенти мамлакат бо мақсади самаранок намудани корҳо дар самти мавриди назар супориш доданд, ки таҳти роҳбарии яке аз муовинони Сарвазир гурӯҳи кории доимамалкунанда таъсис дода шавад. Гурӯҳи корӣ вазифадор шуд, ки амалисозии барномаҳои марбут ба сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро зери назорат гирифта, аз корҳои дар самт анҷомёфта ҳар семоҳа ба Ҳукумати мамлакат гузориш пешниҳод намояд.

 

Масъалаи занон аз масъалаҳое аст, ки ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Президенти ҷумҳурӣ қарор дорад. Маҳз бо баракати Сарвари давлат масъалаи мақоми зан дар ҷомеа ба таври бесобиқа боло рафт. Имрӯз зани тоҷик дар ҳамаи соҳаҳо дар қатори мардон аҳлона фаъолият намуда, нақши боризеро дар пешрафти мамлакати азизамон мегузоранд. Ба таҳсил ва омӯзиши касбу ҳунар фаро гирифтани духтарон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба таври бесобиқа ба роҳ монда шуд. Танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтар бо квотаи президентӣ мактабҳои олии ҷумҳуриро хатм намуда, соҳибкасб гардиданд. Кор дар ин самт минбаъд низ бомаром идома меёбад, зеро Президенти ҷумҳурӣ ба ниҳодҳои дахлдор дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки барномаҳои кор бо ҷавононро таҳия ва амалӣ намоянд. Имрӯз шумораи ҷавонони мо, ки дар хориҷа таҳсил менамоянд, ба 41 ҳазору 232 нафар расидааст, ки аз ин 11 ҳазор нафараш духтарон мебошанд. Бо ишора ба мавқеи зан дар ҷомеа Президенти ҷумҳурӣ иброз намуданд, ки «нақши занону духтарон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин пешигирӣ намудани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст».

 

Президенти ҷумҳурӣ даъват намуданд, ки «мову шумо на фақат дар як Рӯзи Модар, яъне 8 март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем. Бовар дорам, ки занон ва модарону духтарони арҷманди мо минбаъд низ дар риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар оилаи мамлакат нақши арзишманд мегузоранд».

 

Мо занону модарон бояд қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», инчунин дигар қонунгузории ҷумҳуриро риоя намоем, дар мактабҳои миёна, миёнаи касбӣ ва олӣ маъракаҳои фаҳмондадиҳиро оид ба риояи қонунгузории ҷумҳурӣ, шомил нагаштани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ амалӣ намоем, ҷавононро ба тарзи ҳаёти солим ҳидоят намоем, сатҳи таълиму тарбияро баланд бардорем, эҳсоси худшиносии милливу ифтихори ватандӯстӣ ва таҳаммулгароиву инсондӯстии онҳоро зиёд намоем.

 

Дар ин раванд мо бояд дар зеҳну шуури насли наврас ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро тарбия намоем.

 

Дар даврони соҳибистиқлолӣ қонунгузории ҷумҳурӣ зина ба зина такмил ёфта, волоияти қонун, адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон таъмин гардид. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ иброз гардид, ки қонунгузорӣ бояд пайваста такмил дода шуда, бо ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳамқадам бошад. Президенти ҷумҳурӣ ба дастоварду пешравиҳо ноил гардидани мамлакатро аз баракати қонунҳои таҳия ва қабулгардидаи парламенти мамлакат дониста, аз аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон даъват намуданд, ки «биёед, минбаъд низ якҷоя фаъолият намуда, ҷумҳурии худро ободу зебо созем, сатҳу сифати зиндагии халқамонро баланд бардорем ва обрӯи Ватани азизи худ – Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем».

 

Мо хуб медонем, ки ҳар қадар сатҳи маърифати аҳолӣ боло равад, ҳамон қадар эътимод ба бақои давлат бештар мегардад. Дар ин росто маърифати ҳуқуқӣ нақши калидӣ дорад. Таҳия ва амалисозии барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020-2030 маҳз ба ҳамин хотир амалӣ гардидааст.

 

Соли 2024 дар ҷумҳурии азизи мо як санаи бисёр мубораку фархунда, ки эъмори давлати соҳибистиқлоли мо аз он сарчашма мегирад, яъне 30-солагии қабули Конститутсия таҷлил мегардад. Бахшида ба ин санаи таърихӣ Президенти мамлакат пешниҳод намуданд, ки соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шавад. Дар ин замина Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 31 декабри соли 2023 ба тасвиб расид, ки тибқи он соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон шуд.

 

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ яке аз масъалаи асосии сиёсати ҳуқуқии мамлакат ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба ин раванд таваҷҷуҳи махсус равона шудааст ва дар ин замина якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд. Сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси санадҳои ҳуқуқии гуногун, аз ҷумла Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 3 марти соли 2006, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» аз 6 феврали соли 2018 ва «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019 тасдиқ гардидааст, амалӣ мешаванд.

 

Бо назардошти гуфтаҳои боло Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳоро оид ба татбиқи «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024 — 2030» тасдиқ намуда, дастгоҳи марказӣ ва тамоми зерсохторҳои Хадамот муваззаф гардидаанд, ки ҷиҳати иҷрои талаботи бандҳои он фаъолиятро тақвият бахшанд.

 

Дар баробари ин баҳри ҷоннок намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати инъикоси пурра ва дастрасии аҳолӣ вобаста ба фаъолияти Хадамот сомонаи расмии мақомот таъсис дода шудааст. Кормандони мақомот дар байни аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо доир ба мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар мавзуъҳои гуногуни ҳуқуқӣ вохӯрию суҳбат, баромадҳо ва дар нашрияҳои давлатӣ, сомонаҳои иҷтимоӣ мақолаҳо ба чоп расонидаанд.

 

Ҳамзамон баҳри пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир мешаванд, кормандони Хадамот дар байни аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо дар мавзуъҳои «Лаҳзае аз паём», «Паём – пайғоми созанда», «Мо терроризмро маҳкум менамоем», «Пешгирии ҷавонон аз амалҳои иртиҷоӣ ва дарки мафҳуми терроризм-экстремизм», «Хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир», «Терроризм ва экстремизм зуҳуроти манфии ҷомеа», «Терроризм ва экстремизм – зуҳуроти номатлуб», «Нақши Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалии марбут ба об», «Тоҷикистон ба ҳифзи пиряхҳо аҳамияти бештар медиҳад», «Эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Эмомалӣ Раҳмон марди қавл будани хешро бо сухан не, бо амал собит сохтанд», «Ваҳдати миллӣ – дастоварди бузурги таърихӣ», «Ваҳдат- саодати миллат», «Ваҳдат наҷоти мост» вохӯрию суҳбат, баромадҳо, инчунин дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва рӯзномаҳо мақолаҳо ба чоп расониданд.

 

Кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқэҷодкунӣ низ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»-ро дар таҳрири нав таҳия намуданд, ки он мавриди амал қарор дорад.

 

Дар асоси ин қонун «Дастурамал оид ба ташкили кор, коргузорӣ ва таъминоти моддию техникии фаъолияти кормандони мақомоти иҷро» дар таҳрири нав таҳия ва қабул шуд. Ғайр аз ин, аз ҷониби кормандони Хадамот давоми фаъолият зиёда аз 30 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардиданд, ки дар айни замон мавриди амал қарор доранд.

 

Бо назардошти яке аз ниҳодҳои муҳими низоми мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон будани Хадамоти иҷро зарурати коркард ва тасдиқи нишони мақомоти иҷро ба миён омад.

 

Аз ин рӯ, бо мақсади баланд бардоштани нақш ва эътибори мақомоти иҷро, инчунин иҷрои дуруст ва саривақтии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

 

Дар баробари ин, кормандони мақомот лоиҳаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби додани рутбаҳои дараҷавии кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намуданд, ки он бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

 

Хадамот бо мақсади муайян намудани рӯзи кормандони мақомоти иҷро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро таҳия намуд, ки тибқи он ба моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» сархати нав илова шуда, 5 апрел — «Рӯзи кормандони мақомоти иҷро» пешбинӣ гардид. Роҳбарият ва кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ тамоми донишу таҷрибаашонро баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, волоияти қонун, иҷрои дуруст ва саривақтии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ равона менамоянд.

 

Дар фароварди Паём Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми ҷумҳурӣ аз мураккабшавии авзои сиёсии ҷаҳон, шиддат гирифтани вазъи геосиёсиву низомӣ, таҳдидҳои амниятӣ, буҳронҳои мухталиф, тағйирёбии иқлим, норасоии маводи хӯрока ёдовар шуда, изҳор намуданд, ки бо назардошти ин омилҳо зимни пешбурди сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ бояд тадбирҳои зарурӣ андешида шавад. Иброз гардид, ки дар чаҳорчӯби сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳкиму тақвияти муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба ба мамлакатҳои ҳайати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дигар шарикон аз минтақаҳои Осиё, Аврупо ва Амрико ҷойгоҳи хосса дорад.

 

Президенти мамлакат дар суханрониҳояшон бо назардошти вазъи сиёсии ҳамеша тағйирёбанда таъкид менамоянд, ки давлатдорӣ кори саҳлу осон нест, мо бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ низ бори дигар ба масъалаи мавриди назар рӯ оварда, изҳор намуданд, ки «ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди ҷумҳурии соҳибихтиёрамон равона созем».

 

Ин сухани пандомези Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд дастури зиндагии ҳар фарди ин марзу буми аҷдодӣ бошад, зеро танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем пояҳои давлатдориамонро тақвият бахшем, арзишҳои миллиамонро ҳифз намоем, Ватани азизамонро боз ҳам ободтару зеботар гардонем ва ба саодату хушбахтӣ даст ёбем.

 

Барно САИДВАЛИЗОДА,

Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,

генерал-майори милитсия

Теги