Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Асотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дастаи мунтахаби Қатар оид ба футболро дар робита ба ғолиб омадан дар Ҷоми Осиё-2023 табрик намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар табрикоти Президенти Асотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ чунин омадааст:
“Дастаи мунтахаб ва тамоми мардуми давлати Қатарро бинобар ғолиб омадан дар Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол табрик намуда, ба онҳо саодату бурдбориҳо таманно дорам.
Воқеан футболбозони кишвари шумо дар давоми мусобиқа аз худ маҳорати баланд нишон дода, тавонистанд ғолиби Ҷоми Осиё-2023 гарданд.
Бори дигар ғолибият муборак бошад ва дар мусобиқаҳои дарпешистода бароятон барору музаффарият хоҳонам”.