Таҷрибаҳои таърихӣ ва анъанаҳои миллии халқи тоҷик баёнгари он ҳастанд, ки вазъи шуури динӣ дар марҳалаи нави рушди давлатдории навин масъалаи мубрам ва афзалиятнок ба шумор меравад. Дар робита ба ин масъала 9 март дар “Кохи Ваҳдат” мулоқоти Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат баргузор шуд. Зимни суханронӣ Сарвари давлат андешаҳояшонро доир ба вазъияти динии ҷумҳурӣ пешниҳод намуда, вобаста ба бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи соҳаи дину дингароӣ ба фаъолони ҷомеа ва ходимони дин маслиҳатҳои судманд доданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки дини Ислом дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии аҳолии мамлакат нақши муҳим мебозад ва мардумро дар ҳама ҳолат ба сулҳу салоҳ ва дӯстӣ даъват менамояд.
Бояд гуфт, ки дини Ислом гуногунзабонӣ, гуногунфикрӣ ва дорои фарҳанги мухталиф будани халқу миллатҳоро эътироф намудааст. Масалан, дар Қуръони карим ин матлаб дар ояти 13-уми сураи «Ҳуҷурот» возеҳ баён шудааст: «Эй мардум, ба дурустӣ, ки шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо қавмҳо ва қабилаҳо сохтем, то бо якдигар шиносо шавед…». Яъне дар шакли қавму қабилаҳо будани инсонҳо иродаи Парвардигор буда, онҳо аз якдигар маҳз бо миллат, расму ойин, забону фарҳанг ва дигар унсурҳо фарқкунанда мебошанд.
Зимни вохӯрӣ Пешвои миллат ба ходимони дин изҳор намуданд, ки «шумо хуб медонед, ки ходим, яъне хизматгори дин будан маънии масъулият доштан ҳам дар назди Худо ва ҳам дар назди мардумро дорад. Чунин масъулияти бузург аз ҳар яки шумо тақозо менамояд, ки пеш аз ҳама, худатон дар гуфтору рафтору кирдор ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ намунаи ибрати ҷомеа бошед». Воқеан ҳам бо назардошти нақши муассир доштани дини Ислом дар байни аҳолӣ ходимони дин соҳиби эҳтиромӣ хосса буда, дар шаклгирии шуури динии шаҳрвандон саҳми назаррас доранд. Ҳамин тавр мафкурасозии ҷомеа аз сатҳи эътимоди мардум ба ходимони дин вобастагии калон дошта, аз руҳониёни мамлакат масъулияти баланд тақозо менамояд.
Таҷрибаҳо баёнгари онанд, ки маҳз афкори носолим амнияти зеҳнии наврасону ҷавононро ба мушкилот гирифтор менамояд. Аз ин рӯ, мақсади асосии вохӯрии Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ходимони дин аз эҳтироми Ҳукумати мамлакат ба эътиқоди динии шаҳрвандон, арҷгузорӣ ба унсурҳои миллӣ ва таъкид намудани фаҳмиши шуури динии солим ба шаҳрвандон иборат буд.
Диндорӣ ҳамчун омили руҳии ҳаёти инсон на танҳо вокуниши рафтории он, майли он ба ин ё он шакли ҳаёти ҷамъиятӣ ё ҷаҳонбинии онро муайян мекунад, инчунин муносибати боарзишро ба ҳаёти шахсӣ, ба ҳаёти дигар мавҷудоти зинда ва дар маҷмуъ ба ҳастӣ муайян менамояд. Дар ин маврид шуури динӣ унсури асосии дин ба шумор рафта, ҳамаи унсурҳои дигар аз рӯйи шакл ва мазмун аз он вобастагӣ доранд. Аммо шуури динӣ худ ба худ вуҷуд дошта наметавонад. Объект ва субъекти шуури динӣ дар мавҷудият ва ташаккулёбии он аҳаммияти назаррас доранд.
Бояд иброз намуд, ки андешаи солими динӣ доштан шуури динӣ буда, барои мафкурасозии ҷомеа таъсиргузор мебошад. Аз ин рӯ, гуфта метавонем, ки шуури динӣ механизми фаъоли ҷомеаи мо ба шумор рафта, бо назардошти таҳдиду хатарҳои муосир андешидани тадбирҳои муносиб ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуб муҳим арзёбӣ мегардад. Ҳамин тавр, мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат яке аз тасмимҳои саривақтӣ ва самарабахш дар самти шаклгирии дурусти шуури динии шаҳрвандон ба шумор меравад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар равандҳои ноустувори муносибатҳои байналмилалӣ эътиқоди динии шаҳрвандон осебпазир буда, таваҷҷуҳи бештар талаб менамояд. Хушбахтона, новобаста аз ҳодисаҳои солҳои охир дар ҷаҳон маҳз сатҳи эътимоди динии шаҳрвандон ва таҳаммулпазирии онҳо имкон фароҳам овард, ки ҷумҳурии мо ба дастовардҳои беназир ноил гардад.
Карл Маркс гуфта буд, ки «мардум ин қадар зулму нороҳатии рӯзгорашонро танҳо ба воситаи эътиқодашон таҳаммул мекунанд, яъне дин ба мисли афюн онҳоро аз ин гуна вартаи ҳалокатвор наҷот мебахшад». Яъне дар ҷодаи рушду инкишоф мардуми огоҳро танҳо шуури солими динӣ метавонад аз таҳдиду хатарҳо эмин нигоҳ дорад. Аз ин рӯ фаҳмонидани унсурҳои дин дар робита ба вазъи муосири ҷаҳонӣ аз ҷониби уламои дин аҳаммияти бештар касб намудааст.
Ба андешаи Эрнест Ренан, муаррих ва файласуфи фаронсавӣ: «Имкон дорад ҳама ончи дӯст медорем аз миён равад, вале диндорӣ аз байн намеравад. Балки дин ҳамчун далели равшане бар ботил будани равияҳои моддигароие, ки мехоҳанд фикру андешаи инсонро дар тангии ҳаёти ин дунё маҳдуд созанд, боқӣ мемонад». Аз ин нуқтаи назар шуури динӣ ҷузъи ҷудонопазири ҳаёти инсоният ба шумор рафта, муносибати дуруст ва холисонаро талаб менамояд.
Аммо дур рафтан аз аслу моҳияти дин ва дарк накардани арзишҳои умумибашарӣ асоси зиёдаравӣ ва баъзан ба хурофоту ифрот дода шудани шаҳрвандон мегардад.
Президенти ҷумҳурӣ зимни суханронӣ иброз намуданд, ки «бо вуҷуди муносибати неки давлат нисбат ба ҳамаи дину мазҳабҳо, бахусус нисбат ба дини мубини ислом солҳои охир зуҳуроти нороҳатсозандаву нигаронкунандаи таассубу хурофот, тафриқаандозиву ифротгароии динӣ ва дар ин замина риоя нагардидани меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда афзоиш меёбад». Сабаҳои асосии пайдо гардидани чунин падидаҳои номатлуб дар ҷомеа нишони раванди шаклгирӣ ва инкишофи нодурустӣ шуури динӣ мебошад.
Бар асоси далелҳои илмӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ барои ба таври дуруст шакл гирифтани шуури динӣ дар ҷомеа амалӣ шудани тадбирҳои зерин муҳим арзёбӣ мегардад, ки аллакай дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати давлатии Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад:
Рушди маориф ва гуногунандешии фарҳангӣ: Яке аз ҷанбаҳои муҳимми ташаккули шуури динӣ таъмини дастрасӣ ба таҳсил мебошад, ки омӯзиши динҳо, фалсафа ва анъанаҳои фарҳангии гуногунро дар бар мегирад. Ин дар ташаккули эҳтиром ба ҷаҳонбинии гуногунрангии шаҳрвандон кумак менамояд ва барои ҷомеаи таҳаммулпазир ва ҳамдигарфаҳмӣ замина фароҳам меорад. Дар ин замина Пешвои миллат иброз намуданд, ки «таҷрибаи беш аз сивудусолаи ҳамкории мо бо мамлакатҳои олами ислом, бахусус давлатҳои арабӣ нишон медиҳад, ки рӯй овардан ба илм, омӯзиш ва рушди илмҳои риёзиву табиӣ ва техникӣ, истифодаи дастовардҳои пешқадами илмӣ ва татбиқи технологияҳои муосир онҳоро ба тараққиёти бесобиқа расонида, боиси аз байн рафтани фаҳмишҳои шахшуда ва кӯҳна гардида истодааст».
Мутобиқсозии эътиқоди динӣ бо меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ: Дар замони муосир зарур аст, ки механизмҳои ҳамкории байни ҷомеаҳои динӣ ва сохторҳои давлатӣ мутобиқати эътиқоди динӣ ба принсипҳои асосии волоияти қонун ва эҳтироми ҳуқуқи инсонро таъмин намоянд. Ин боиси пешгирии низоъҳо ва таъмини эҳтироми меъёрҳо ва арзишҳои аз ҷониби умум қабулшуда мегардад. Ин масъаларо Президенти мамлакат ба таври зайл таъкид намуданд: «Танҳо соҳибистиқлолӣ ва низоми дунявии давлатамон имкон фароҳам овард, ки миллатҳои гуногун ва пайравони дину мазҳабҳои мухталиф дар ҷумҳуриамон фаъолияти динию эътиқодии худро дар доираи муқаррароти Конститутсияи мамлакат ва қонунгузории амалкунанда озодона анҷом диҳанд».
Таҳияи барномаҳои муколама ва ҳамкории байнифарҳангӣ: Ташкили муколама байни анъанаҳои динӣ ва ҷомеаҳои фарҳангӣ ба коҳиш додани низоъҳо ва эҷоди ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат менамояд. Дастгирии давлат аз чунин барномаҳо барои фароҳам овардани заминаи ҳамзистии осоиштаи гурӯҳҳои мазҳабӣ ва баланд бардоштани сатҳи таҳаммулпазирӣ дар ҷомеа мусоидат менамояд. Дар робита ба ин масъала Пешвои миллат гуфтанд, ки «тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба қонун ва таъмин намудани волоияти он, ба роҳ мондани усули ҳамкории самараноки давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии «Соли маърифати ҳуқуқӣ» мебошад».
Дар маҷмуъ, шуури динӣ ҷанбаи муҳими ҳаёти иҷтимоӣ буда, моҳияти онро метавон тавассути маълумоти илмӣ ва заминаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ таҳлил намуд. Шуури динӣ ба ҷаҳонбинӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ ва рафтори одамон таъсир мерасонад ва дарки он барои ташаккули сиёсати давлатӣ ва рушди иҷтимоӣ муҳим аст. Аз ин рӯ, ба таври дуруст шакл гирифтан ва дарки шуури динӣ дар байни аҳолӣ аз субъект ва объекти он уҳдадории бештар ва масъулияти баландтар талаб менамояд.
Умед ПУДИНАЕВ,
муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон